Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як мутахассиси Кумитаи замин ба гумони қатли ду зан. "Сир" нокушода монд. ВИДЕО


Наздикони қурбониён ҳадс мезананд, ки кушторро чанд нафар анҷом додаанд
Наздикони қурбониён ҳадс мезананд, ки кушторро чанд нафар анҷом додаанд

Мақомоти Тоҷикистон пас аз тақрибан ду ҳафта қатли ду зани фаррошро дар Кумитаи замини ноҳияи Деваштич тасдиқ карда, вале ангезаи кушторро нагуфтанд. Қатли Вориса Фозилова ва Умеда Зокирова рӯзи 17-уми июли имсол рӯй дод. Пайвандони онҳо ба ин боваранд, ки дар ҳодиса чанд нафар даст дорад. Мақомот аз боздошти як кас гуфтанд.

“Бераҳмии махсус”

Додситони вилояти Суғд рӯзи 29-уми июл дар нишасти матбуотӣ гуфт, як корманди Кумитаи замини ноҳияи Деваштич ба гумони куштани ду зани фаррош дастгир шудааст. Фурқат Хоҷазода ҳодисаро “қатле бо бераҳмии махсус” номид, аммо ҳозир нашуд тафсилоташро бигӯяд.

“Парвандаи ҷиноӣ бар асоси моддаи 104 (қисми 2, банди а, е)-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуд. Ошкору муайян гардид, ки ҷинояти мазкурро корманди Кумитаи замини ноҳияи Деваштич, Мунавваров, содир намудааст. Айни ҳол ӯ ба ҳабс гирифта шуд, тафтиши парванда зери назорати Прокуротураи вилоятӣ ҷараён дорад,” – афзуд ӯ.

Ин банди қонун дар сурати исбот шуданаш аз 15 сол то ҳабси якумриро пешбинӣ мекунад. Пештар гуфта мешуд, ба ғайр аз корманди Кумитаи замини ноҳияи Деваштич Саҳобиддин Мунавваров, посбони ин идора низ боздошт шудааст.

Мақомоти додситонӣ гуфтанд, посбон Раҷаббой Олимовро пас аз бозпурсӣ раҳо карданд. Наздикони қурбониён ҳадс мезананд, ки кушторро чанд нафар анҷом додаанд.

Наворро дар инҷо бинед:

Додситон: Ду занро дар Деваштич "бо бераҳмии махсус" куштаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:10 0:00

Ангезаи куштор чист?

Хосият Абдураҳимова, яке аз пайвандони занони кушташуда, мегӯяд, “ин кори як кас нест. Ба фикри ман, як нафар ба узвҳои ҳаётан муҳими зане корд зада, сипас ба дигараш ҳамин қадар осеб расонда наметавонад. Хаёл мекунам, инҷо ду ё се кас будаанд”.

Назари наздикони боздоштшуда ва вакили мудофеи онҳо дастрас нест. Ангезаи куштор низ то ҳоло расонаӣ нагардидааст ва мақомоти додситонӣ ҳам ба сабаби халал нарасидан ба ҷараёни тафтиш дар ин бора чизе намегӯянд.

Ин дар ҳолест, ки пайвандони занони кушташуда тахмину гумонҳои худро доранд. Онҳо як ангезаи кушторро ба сӯхторе рабт медиҳанд, ки ба гуфтаашон рӯзҳои 16 ва 17-уми июли имсол (шанбе ва якшанбе) дар Кумитаи замини Деваштич сар зада, гуё бо дахолати занони фаррош пешгирӣ карда шудааст.

Қосим Зокиров, падари Умеда Зокирова, яке аз занони кушташуда гуфт, “ба фикри ман, агар мо рӯзи шанбе намерафтем, идора оташ мегирифт ва сир ошкор намешуд. Онҳо пагоҳии якшанбе, 17-уми июл, боз барои тоза кардан мераванд. Омилони ҳодиса аз пеш нақша кашида будаанд ва ҳангоми боз халал расондан маҷбур ба ин амал даст задаанд.”

Додситон гуфт, чаро худдорӣ мекунанд

Кӯшишҳои Радиои Озодӣ барои ёфтани "сир"-е, ки ба бовари наздикони занон эҳтимол як сабаби куштор шудааст, бенатиҷа буд.

Фурқат Хоҷазода, додситонии вилояти Суғд, мегӯяд, “дуруст аст, ки дар ҷойи ҳодиса, яъне идораи Кумитаи замин, сӯхтори кам ба қайд гирифта шудааст. Ин ҳолат дар натиҷаи пурра ба итмом расидани тафтишот хабар дода мешавад. Ҳоло сирри тафтишот ва боз ҳолатҳои дигари кор ҳаст, барои ҳамин, аз додани баъзе маълумот камтар худдорӣ мекунем. Лекин ҷиноят пурра ошкор карда шудааст.”

Ҳамкорони занони кушташуда ва нафари дар ин ҳодиса гумонбар омода нашуданд, дар ин бора тафсилот бидиҳанд. Вале гуфтанд, аз он рӯз мақомоти интизомӣ дари утоқи чанде аз кормандонро бастаанд ва пайи таҳқиқи ҳодиса ҳастанд.

Тоҳир Толибзода, раиси Кумитаи замини вилояти Суғд, гуфт, “шахси боздоштшуда мутахассиси пешбари Кумитаи замини ноҳияи Деваштич аст. Аз соли 2020 кор мекунад ва ҳоло ҳамчун гумонбар дастгир шудааст. Сабаби ба ин кор даст заданаш чист, барои мо ҳам номаълум аст.”

Дар ҳамин ҳол, байни кормандон ҷой доштани хусумату бадбинӣ ва ё нофаҳмиеро на ҳамкорон ва на хешовандони занони кушташуда тасдиқ накарданд.

Аз Вориса Фозиловаи 56-сола як писар ва аз Умеда Зокироваи 45-сола се духтар мондааст. Пайвандони кушташудагон мегӯянд, ду зан ба сахтӣ рӯз мегузарониданд ва талаб доранд, ки гунаҳкорон ҷазо бигиранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG