Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли ду зан дар як идораи давлатӣ. Сукути мақомот ва тахмини наздикон. ВИДЕО


Мақомоти интизомӣ дар Деваштич (Ғончии собиқ) қатли ду зани фаррошро дар Идораи замини ноҳия таҳқиқ доранд. То кунун ду гумонбар дастгир шуда, аммо ангезаи он маълум нест. Мақомот чизе намегӯянд. Пайвандони занон тахмини худро доранд ва муҷозоти гунаҳкоронро мехоҳанд.

Боздошти ду кас

Хонаводаи Фозиловҳо дар деҳаи Ғазантараки ноҳияи Деваштич панҷ рӯз боз мотам доранд. Вориса Фозиловаи 56-сола ва арӯси хонадон Умеда Зокироваи 45-сола, ки ҳарду дар Идораи замини ноҳия ҳамчун фаррош кор мекарданд, рӯзи 17-уми июл кушта шуданд.

Бо гузашти тақрибан як ҳафта аз ҳодиса мақомоти тафтишотӣ дар бораи он иттилои расмӣ нашр накарданд. Ба хабари дарёфтӣ, "онҳо дари утоқи чанде аз кормандонро баста, пайи таҳқиқи ҳодиса ҳастанд."

Ба қавли манбаъҳои Радиои Озодӣ, дар пайи ҳодиса аввал посбони идора Раҷаббой Олимов ва сипас мутахассиси Идораи замини ноҳияи Деваштич Саҳобиддин Мунавварзода дастгир шудаанд. Назари наздикони боздоштшуда ва вакили мудофеи онҳо дастрас нест. Ангезаи расмии куштор низ.

Падар аз сӯхтор гуфт

Ин дар ҳолест, ки пайвандони занони кушташуда тахмину гумонҳои худро доранд. Онҳо як ангезаи кушторро ба сӯхторе рабт медиҳанд, ки ба гуфтаашон рӯзҳои 16 ва 17-уми июли имсол (шанбе ва якшанбе) дар Идораи замини Деваштич сар зада, бо дахолати занони фаррош пешгирӣ карда шудааст.

Қосим Зокиров
Қосим Зокиров

Қосим Зокиров, падари Умеда Зокирова, 21-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи шанбеи 16-уми июл ва бо шунидани хабари сӯхтор духтарашро зуд ба онҷо бурда буд.

"Ба фикри ман, агар мо намерафтем, идора оташ мегирифт ва сир ошкор намешуд. Онҳо пагоҳии якшанбе, 17-уми июл, боз барои тоза кардан мераванд. Омилони ҳодиса аз пеш нақша кашида будаанд ва дар ҳолати боз халал расондан маҷбур ба ин амал даст задаанд," – нақл кард ӯ.

Аммо кӯшишҳои Радиои Озодӣ барои ёфтани "сир"-е, ки ба бовари наздикони занон эҳтимол як сабаби куштор шудааст, бенатиҷа буд.

Таҳқиқи қатли ду зан дар Идораи замини Деваштич
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:29 0:00

Захмҳо дар бадани занон

Хосият Абдураҳимова, яке аз наздикони занони кушташуда, мегӯяд, дар бадани занон захмҳои зиёди кордро диданд. "Ман табиб ҳастам. Ба раги калонии гардан, пеши чашм, дил, ҷигар, пушт ва ба дастони Умеда корд задаанд. Хуни зиёд рафта, дарҳол фавтидааст. Дар бадани Вориса 13 захм буд. Зарбаҳо ба узвҳои ҳаётан муҳим зада шудааст. Асосан аз зарби корд ба дилу ҷигар фавтидааст,” – гуфт ӯ.

Дар ҳоле ки мақомот шарҳе намедиҳанд, наздикони қурбониён ҳадс мезананд, ки кушторро чанд нафар анҷом додаанд.

“Муносибаташон дар кор бо ҳамкорон хуб будааст. Ҳамаашон омаданд. Ман бовар надорам, ки инҳо ҷанҷолӣ бошанд, чунки дар хона чунин набуданд,” – гуфт Шарофат Зокирова, яке аз пайвандони занони кушташуда.

Аз Вориса Фозилова як писар ва аз Умеда Зокирова 3 духтар мондааст. Пайвандони кушташудагон мегӯянд, ду зан ба сахтӣ рӯз мегузарониданд ва талаб доранд, ки гунаҳкорон ҷазои сахт бигиранд.

XS
SM
MD
LG