Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занону кӯдакони аз Сурия баргашта ҳеҷ беморие надоранд - мақомот


25-уми июл дар фурудгоҳи Душанбе ҳавопаймое бо 146 зану кӯдак фуруд омад, ки аъзои оилаҳои ҷангиёни ДОИШ дар Сурия мебошанд. Акс аз khovar.tj
25-уми июл дар фурудгоҳи Душанбе ҳавопаймое бо 146 зану кӯдак фуруд омад, ки аъзои оилаҳои ҷангиёни ДОИШ дар Сурия мебошанд. Акс аз khovar.tj

Вазири тандурустии Тоҷикистон мегӯянд, кӯдакону наврасоне, ки аз Ироқ оварда шудаанд, ба ихтиёри Вазорати тандурустӣ ва Вазорати меҳнат вогузор мешаванд. Мақомоти Тоҷикистон се сол пеш 84 фарзанди ҷангҷӯёни тоҷикро аз Ироқ оварданд, вале то ҳол онҳоро ба наздиконашон нишон намедиҳанд.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон рӯзи 27-уми июл зимни нишасти хабарии нимсолааш дар посух ба саволи журналистон гуфт, кӯдаконе, ки ба синни 7 мерасанд, барои таҳсил ба ихтиёри Вазорати маориф вогузор мешаванд. Вақте ин наврасон ба 16-солагӣ баробар мешаванд, ба гуфтаи вазири тандурустӣ, барои касбомӯзӣ ба ихтиёри Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ пешниҳод мешаванд.

Абдуллозода мушаххас нагуфт, ки ин наврасон дар куҷо нигаҳдорӣ мешаванд ва ҳам бо чӣ сабаб онҳоро дур аз хешовандонашон нигоҳ медоранд. Рӯзи 27-уми июл хабарнигорон аз вазири тандурустӣ дар бораи занону кӯдаконе пурсиданд, ки ду рӯз пеш аз Сурия оварда шуданд.

Вазири тандурустӣ бо таъкид ба ин ки салоҳияти сӯҳбати бештар дар ин мавзӯъро надорад, танҳо гуфт, 146 зану кӯдаки тоҷикро, ки аз урдугоҳҳои Сурия ба Тоҷикистон оварда шуданд, аз ташхис гузаронданд ва дар бадани онҳо ягон беморӣ сабт нашудааст. Ҷамолиддин Абдуллозода дар робита бо онҳо ҳам нагуфт, ки дар куҷо ва чӣ шароит нигаҳдорӣ мешаванд.

Занону кӯдакон шоми 25-уми июл ба Тоҷикистон баргардонда шуданд. Мақомот ба хабарнигорон иҷозаи наздик шудан ба ин занону кӯдаконро надоданд.

XS
SM
MD
LG