Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Оё ҳукумат ҷуръат мекунад, ба пойи худаш тир занад?"


Маҳалли сохтмони нерӯгоҳи "Роғун"
Маҳалли сохтмони нерӯгоҳи "Роғун"

Довуд Хотирӣ

Довуд Хотирӣ муҳандис ва иқтисодшинос аст, ки дар Тоҷикистон фаъолият дорад. Ӯ мегӯяд, наметавонад, ба вазъи кишвар ва дурнамои рушди он бетараф бошад ва биноан ин блогро барои мо навиштааст.

Михаил Горбачёв, нахустин ва охирин президенти Иттиҳоди Шӯравӣ, дӯст медошт, ки такрор кунад: "ях шикаст". Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, рӯзи 14-уми июл дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе бо шодӣ хабар дод, ки "...бисёре аз шарикони рушди ҳукумати Тоҷикистон ба иҷрои минбаъдаи лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд..."

Аз ҷониби дигар, хабаргузории Reuters ҳафтаи гузашта бо истинод ба мақомҳои расмии Иттиҳоди Аврупо иттилоъ дод, ки "Бонки аврупоии сармоягузорӣ мехоҳад, бузургтарин маблағгузори нерӯгоҳи "Роғун" бошад..."

Дар ҳамин ҳол, ба тасдиқи гуфтаҳои боло метавон илова кард, ки президенти Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи гузашта дар вохӯрӣ бо бинокорони нерӯгоҳи “Роғун” изҳори итминон кард, ки тамоми корҳои марбут ба ҷалби сармоя барои ба поён расонидани сохтмон то охири имсол анҷом дода мешаванд.

Албатта, ин ҳама хеле хуб аст, ки абри фаромада дар атрофи сохтмони “Роғун” дубора меравад. Вале ончи моро нигарон сохтааст, ин аст, ки ҳукумати кишвар ҷузъиёти хурдеро нодида мегирад, ки метавонад бо мурури замон дар ин масъала нақши ҳалкунандаро бозад.

Тавре намояндаи доимии Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон Шэнни Кэмпбелл зикр кардааст, “...дар робита ба нерӯгоҳи “Роғун” ҳанӯз суолҳои зиёде ҳаст, ки сармоягузорон пеш аз маблағгузорӣ ба ин тарҳ мехоҳанд, ба онҳо посух бигиранд..."

Шэнни Кэмпбелл масъалаи харидуфурӯш, таъмини чораҳои муҳофизатӣ ва дарёфти бозори нерӯи барқро аз зумраи ин суолҳо номидааст. Агар суханҳои Кэмпбеллро аз ҳарфҳои дипломатӣ ба забони гуфтугӯӣ баргардонем, пас, маълум мешавад, сармоягузорони байнулмилалиро пеш аз ҳама фасодзадагӣ (масъалаи хариду фурӯш, таъмини чораҳои муҳофизатӣ ва ғайра) дар сохтмони “Роғун” ба ташвиш меорад.

Мо тавассути манбаъҳои расмӣ аз рафти корҳо дар нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ба андозаи кофӣ огаҳ ҳастем, вале мехоҳам, аз бинокорони нерӯгоҳ ё тавре мегӯянд, аз шоҳидони айнӣ бифаҳмем, ки худи онҳо дар бораи “Роғун” чӣ фикр доранд ва ин хабарҳоро чӣ гуна қабул мекунанд.

Маҳалли сохтмони нерӯгоҳ
Маҳалли сохтмони нерӯгоҳ

Мушкили асосӣ кадом аст?

Як муҳосиби нерӯгоҳ ба шарти фош нашудани номаш гуфт, мушкили имрӯза ва асосии сохтмони “Роғун” қарздории ҳукумати Тоҷикистон аз кормандон аст, ки ҳудуди 1 миллиарду 700 миллион сомониро ташкил медиҳад.

“Чизи дигаре, ки метавонад оқибатҳои манфӣ дошта бошад, ин таъхир дар пардохти маош аст. Яъне, маоше, ки имрӯз бояд дода шавад, як моҳ баъд пардохт мешавад ва ин албатта, ба сифати корҳо ва ҳавасмандии бинокорон бетаъсир нахоҳад буд. Аз ҷониби дигар, вақте мо маҳсулотро аз бозор қарз мегирем, ҳатман нархи он дигар хоҳад буд,” – нақл кард ӯ.

Бино бар ин, аудиторони байнулмилалӣ дар бораи “корҳои иҷрошуда” пурсишҳои зиёд доранд.

“Хабари хушҳолкунанда ваъдаи қатъии раҳбари давлат аст, ки гуфт, тамоми қарзи ҳукумати Тоҷикистон дар назди бинокорон аз тирамоҳи имсол то баҳори соли оянда пурра пардохта мешавад. Биёед, бубинем, ки чӣ мешавад ва вақт нишон хоҳад дод... Худи ман шахсан ба ин бовар надорам, ҳукумат шояд кӯшиш кунад, аммо дар ин муҳлат шояд натавонад. Зеро гумон аст, ки сармоягузорони байнулмилалӣ дар тирамоҳи имсол маблағгузории сохтмони моро сар кунанд. Муҳлат камӣ хоҳад кард. Баъди як моҳ аллакай тирамоҳ мешавад ва ҳукумати мо ҳам ба ин такя мекунад,” - изҳор дошт муҳосиб.

Фарқи маош

Ҳамсуҳбати мо ҳамчунин гуфт, масъалаи дигаре, ки боиси норозигӣ ва нигаронии онҳо аст, фарқи маоши мутахассисони хориҷӣ ва маҳаллӣ мебошад. Барои мисол, маоши як аудитори байнулмилалӣ 23 ҳазор долларро ташкил медиҳад, дар ҳоле ки муҳосибони маҳаллӣ ба ҳисоби миёна 300 доллар мегиранд. Ин фарқият барои чист? Дар ҳоле ки мо тақрибан як корро мекунем.

Ба суҳбати мо як муҳандис, ки низ хост, аз ӯ ном бурда нашавад, ҳамроҳ шуд. Вай дар посух ба суоли ман гуфт, аз соли 2017 то ба ҳол аз 80 ширкати пудратчӣ ҳудуди 23 ширкат ва аз 14 ҳазор корманд 10 ҳазор кас дар сохтмони нерӯгоҳ мондааст. Албатта, президент ваъда дод, ки бо ворид шудани сармояҳои хориҷӣ теъдоди кормандони сохтмони нерӯгоҳ 10 ҳазори дигар зиёд хоҳад шуд, аммо ин қадар мутахассисро аз куҷо меёбанд, номаълум аст.

Ба эҳтимоли зиёд, “дубора бачаҳоро аз кӯча меоранд, ки ҳама бекорхӯҷаанд”. Ба бовари ӯ, мушкили бузургтарини сохтмони асри мо масъалаи кадрҳост. Зеро бо чунин маош, ки он ҳам на ҳамеша пардохт мешавад, ягон мутахассиси соҳибтаҷриба ва соҳибихтисос кор намекунад. Ҳамаи мутахассисони хуб барои кор ба Русия мераванд. Дар натиҷа, кормандони бетаҷрибаву камҳунар мемонанд ва ин чиз боиси садама дар рафти кор, поинравии сифати сохтмон, таъхир дар иҷрои нақша ва вайроншавии техникаҳои гаронарзиш хоҳад шуд.

Муҳандис мегӯяд, бо ин вуҷуд, аз ӯ сифати кор ва иҷрои нақшаро талаб мекунанд ва худаш намедонад, ки ин ҳамаро аз бачаҳои кӯча чӣ гуна талаб кунад? Ба гуфтаи муҳандис, моҳонаи ӯ тақрибан 700 доллар ва муҳандиси чинӣ, ки ҳар ду як корро анҷом медиҳанд, 2000 доллар аст. Бинобар ин, вай дигар намехоҳад дар инҷо кор кунад ва занги бачаҳоеро, ки барояш кори муҳандисӣ бо маоши 2,5-ҳазор долларро дар моҳ дар Русия ваъда додаанд, мунтазир аст.

Дар мавриди итминони мудирони сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” метавон гуфт, ҳамаи онҳо ба президент ваъда доданд, ки кори сохтмон дар рӯзҳои наздик дубора тибқи ҷадвал пеш рафта, ҳамаи камбудҳо бартараф карда мешаванд, вале бо чунин мутахассисон ба ин наметавон бовар кард.

То замоне ки фасод ҳасту хешутаборбозӣ...

Ронандае, ки ҳамроҳи ӯ буд, суҳбати моро шунида, низ хост, ба шарти ифшо нашудани номаш чизе бигӯяд. Ронанда гуфт, шаш фарзанд дорад ва пеш аз ҳама барояш маош муҳим аст. Вай бо ёдоварӣ аз даврони Шӯравӣ афзуд, падараш ронандаи БелАз буд ва 500 рубл мегирифт. Он замон моҳонаи хуб аз муаллимон ва табибон буд, ки мутаносибан 150-200 рублро ташкил медод ва худатон қазоват кунед, ки онҳо чӣ гуна зиндагӣ мекарданд ва падараш чӣ гуна бо касби худ ифтихор менамуд.

Худи ӯ ҳоло 2500 сомонӣ маош мегирад ва ба назари шумо, ин барои ронандаи мошине, ки дар шароити хеле сахт кор мекунад, мерасад? Чаро ӯ аз як фурӯшандаи дӯконе дар Душанбе камтар маош мегирад?

Чизи дигаре, ки ӯро ба ташвиш меорад, сатҳи хидматрасонии техникӣ аст. Чаро дар сохтмони боҳашамате, ки миллиардҳо доллар харҷ дорад, сатҳи хидматрасонии хуби техникӣ ба роҳ монда намешавад. Чаро ӯ бояд чархи мошинеро, ки 200 кило вазн дорад, бо даст иваз кунад? Вай ҳамроҳи бачаҳо чархи мошинро бо даст гирифта, ба як тараф мегузоранд, то техникаро таъмир кунанд. Магар ин кор аст? Ҷароҳатҳое, ки бачаҳо дар натиҷаи чунин корҳо бардоштаанд, беҳисоб аст.

Мутахассиси дигаре, ки дар бунёди нерӯгоҳи “Роғун” иштирок мекунаду ҳатто нахост номи касбашро ба мо бигӯяд, изҳор дошт, ки имрӯз мушкили аслӣ дар сохтмони нерӯгоҳ бетартибӣ дар идоракунӣ аст. Дар ҳақиқат, давоми 1,2 соли охир умуман назорат нест. Дар ҳоле ки қаблан ҳар рӯз маҷлисҳои нақшакашӣ баргузор ва корҳои иҷрошуда санҷида мешуданд. Маълум нест, ки чаро ин ҳама дар 1,2 соли охир аз байн рафтааст.

Албатта, ҳамаи мо аз таваҷҷуҳи сармоягузорони байнулмилалӣ ба тарҳи миллии мо хурсанд ҳастем. Президент ҳушдор дод, ки дар сурати бартараф нашудани тамоми камбудҳо то моҳи декабри имсол, созишномаҳо бо ширкатҳои пудратчии сохтмони нерӯгоҳ бекор карда мешавад. Ҳамчунин ваъда дод, ки агар камбудҳо то моҳи декабр бартараф нашаванд, тамоми раҳбарияти нерӯгоҳи “Роғун”-ро барканор мекунад.

Аммо як чиз дақиқ аст, то замоне ки ҳукумат масъалаи фасод ва хешутабориро дар сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” ҳал накунад, созмонҳои молии байнулмилалӣ барои бунёди нерӯгоҳ сармоягузорӣ намекунанд. Оё ҳукумат ин мушкилро ҳал карда метавонад?

Оё ҳукумат ҷуръат мекунад, ба пои худаш тир занад?

Вақт нишон медиҳад.

Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.
XS
SM
MD
LG