Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон талоқу ҷудоӣ зиёд шудааст. Чаро? ВИДЕО


Акс аз бойгонист
Акс аз бойгонист

Дар Тоҷикистон танҳо дар 6 моҳи имсол беш аз 7 ҳазор ҷуфт аз ҳам ҷудо шудаанд. Бино ба омори расмӣ, ин рақам дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 12 дарсад зиёдтар аст.

Музаффар Ашуриён, вазири адлияи Тоҷикистон, рӯзи 15-уми июл ҳангоми як нишасти хабарӣ дар Душанбе сатҳи пасти огаҳӣ ё маърифати оиладории ҷавононро яке аз сабабҳои асосии аз ҳам пошидани хонаводаҳо номид: «Дар бораи ҳуқуқу ӯҳдадориҳо, дар бораи оила, яъне чӣ гуна ниҳод аст дар ҷомеа бояд корҳои фаҳмондадиҳиро бештар бурд, то онҳо то бастани ақди никоҳ пурра омода бошанд."

Азҳампошии хонаводаҳо аз мушкилҳоест, ки солҳо боз мақомоти тоҷик наметавонанд, аз афзоиши он пешгирӣ кунанд. Ҳарчанд дар нишастҳои расмӣ аз барнома ва чораҷӯиҳо дар ин бора хабар медиҳанд.

Вазири адлия аз ҷумла дар бораи тадбирҳое, ки меандешанд гуфт: "Ба кормандони сабти асноди шаҳрвандӣ дастур додем, ки пеш аз барпо кардани оила ҳатман миёни ҷавонон ҳаматарафа кор баранд."

Дар Тоҷикистон талоқу ҷудоӣ зиёд шудааст. Чаро?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:05 0:00

Коршиносон фаъолияти мақомотро дар ин бахш нокофӣ меҳисобанд. Дар ҳоле ки масъулон сабаби аслии ҷудошавии хонаводаҳоро сатҳи ноомодагии ҷавонон медонанд, ҷомеашиносон бар инанд, ки ба ин раванд бештар омилҳои иқтисодию иҷтимоӣ таъсир гузоштаанд. Беҳрӯ Насурова, ҷомеашиноси тоҷик, рӯзи 15-уми июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, издивоҷи барвақт, мушкили иқтисодии оилаҳо боиси ҷанҷолҳо шуда, ба пошхурии хонаводаҳо мусоидат кардааст.

" Масалан аз нигоҳи физиологӣ таёранд, вале аз нигоҳи психологӣ, аз нигоҳи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, мустақилияти иқтисодиро ба даст навовардаанд. Пас аз як соли издивоҷ, ки фарзанддор мешаванд, наметавонанд таъмин кунанд. Фарзандон ин даркор, он даркор гуфта, дархост мекунанд, ки чунин вазъ боиси ҷанҷол мешавад. Бубинед, хабарҳо аз худкушии занон ва гоҳе ҳамроҳ бо фарзандонашон зиёд шунида мешавад, ин ҳама аз мушкилиҳои иқтисодӣ низ аст, набояд инро сарфи назар кард"-гуфт, ҷомеашинос Беҳрӯ Насурова.

Ҳамсӯҳбати мо яке аз сабабҳои дигари азҳампошии оилаҳоро дахолати волидону хешовандон ба зиндагии навхонадорон номид. Садбарг Раҷабова, сокини 32-солаи шаҳри Душанбе ва модари чаҳор фарзанд, яке аз онҳоест, ки камбуди молӣ ва дар пай он сар задани ҷанҷолҳоро аз сабабҳои пошхӯрии хонаводааш медонад.

Омори расмӣ нишон медиҳад, ки дар Тоҷикистон ҳар рӯз беш аз 40 ҷуфт ва моҳе беш аз 1200 ҷуфт аз ҳам ҷудо мешаванд. Таҳлилгарон мегӯянд, афзоиши талоқ ва ҷудоӣ дар хонаводаҳо, ки сутуни ҷомеа ба ҳисоб мераванд, барои иқтисод ва ҷомеаи Тоҷикистон мушкилоти фаровоне меорад. Ба иттилои расмӣ, имсол бешр аз 30 ҳазор ақди никоҳ сабт шудааст, ки ин омор дар муқоиса ба нимсолаи соли гузашта 7 дарсад камтар аст.

XS
SM
MD
LG