Ба иттилои Gazeta.uz, мақомот ба амали домод аз рӯи моддаи “майдаавбошӣ” баҳо дода, ӯро ба ҷавобгарӣ кашидаанд. Саҳнаи ба сари арӯси нав задани домод дар шаби арӯсӣ дар чанд рӯзи гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва Интернет паҳн шуд ва ба он дар матбуоти хориҷӣ, аз ҷумла, нашрияи олмонии Bild, Daily Mail-и Бритониё ва шабакаи телевизионии Корея JTBC чун намунаи барҷаставу маъмулии хушунат нисбати зан таваҷҷӯҳ карданд.
Ҳаҷми сабт 30 сония аст ва дар он бараъло дида мешавад, ки домод аз пушти сари арӯсаш зарба мезанад. Дӯсти домод ин ҳолатро ба ханда мегирад, вале баъди лаҳзае назди арӯс зани миёнасоле омада ӯро ба ҷои дигар мебарад. Меҳмонҳо хомӯш мешаванд, вале касе аз онҳо домодро танқид ё накӯҳиш намекунад. Домод ба ин ҳолат мисле ки бепарвоёна нигоҳ мекунад.
Ахиран дафтари матбуоти Кумитаи давлатии кор бо оила ва занон дар Узбекистон хабар дод, ки ин ҳодисаро таҳқиқ ва муайян карданд, ки арӯсӣ 6-уми июни имсол дар ноҳияи Узуни виояти Сурхондарё дар хонаи домод рух додааст. Дӯстони арӯсшавандаҳо ба онҳо барои тафреҳи тӯёна озмунеро омода карданд. Арӯсу домод бояд як миқдор қандро босуръат аз коғаз ҷудо мекарданд ва дар ин озмун арӯс баранда шудааст. Арӯс дар ғояти шодӣ дасташро боло мекунад ва баъди лаҳзае домоди гӯё мағлубшуда аз пушти сараш ӯро мезанад.
Ба навиштаи нашрияи Gazeta.uz, баъди дар шабакаҳо паҳн шудани ин видео кормандони умури дохилии ноҳияи Узун бо арӯсу домоди нав ва волидони онҳо “кори фаҳмондадиҳӣ” гузаронида домодро барои авбошии хурд ба ҷавобгарӣ кашиданд.
Ин ҳодисаро бисёриҳо маҳкум карда бисёриҳо гуфтанд, ки духтар бояд ҳамон замон хонаи чунин мардро тарк карда талоқ гирад. Бархе фаъолони ҳуқуқ гуфтанд, ҳодисаи рӯйдода намунаи хеле маъмулии беҳуқуқ ва беҳимоя будани зан дар хонаи мебошад ва бетарафии ҷомеа дар чунин ҳолат баёнгари амиқ ва паҳншуда будани мушкил аст.