Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Никоҳу талоқ дар Тоҷикистон бештар шудааст


Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, дар шаш моҳи имсол ақди никоҳ ва ҳамин тавр ҷудошавии оилаҳо дар кишвар бештар шудааст. Тибқи иттилои расмӣ, дар шаш моҳи имсол идораҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ 32 ҳазору 489 ақди никоҳро сабт кардаанд, ки он ҳам назар ба соли гузашта 2,5 ҳазор бештар аст.

Масъулини вазорат гуфтанд, ҷудошавии оилаҳо ҳам дар кишвар имсол афзудааст. Ба иттилои манбаъ, дар шаш моҳи аввали имсол 6 ҳазору 476 бекоршавии ақди никоҳ сабт шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 990 маврид зиёд аст.

Ба иттилои расмӣ, бештари оилаҳо бо қарори додгоҳҳо ҷудо шудаанд. Ҷудошавии оилаҳо дар Тоҷикистон яке аз масъалаҳои ҷиддӣ гуфта мешавад, ки ба қавли мутахассисон бояд ба он таваҷҷуҳ шавад.

XS
SM
MD
LG