Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Webuild" мегӯяд, ба кори муҳими дигаре дар Роғун оғоз кард


Нерӯгоҳи Роғун
Нерӯгоҳи Роғун

Ширкати итолиёии “Webuild” гуфт, як марҳилаи муҳими дигари бунёди нерӯгоҳи "Роғун"-ро дар Тоҷикистон оғоз кардааст.

Дар баёнияи расмии ширкат аз 15-уми июл омадааст, ки Webuild дар як маросими хос бо рехтани бетон ба сохтани садди асосии нерӯгоҳ оғоз кард. Дар ин маросим дар рӯзи 13-уми июл Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Пиетро Салинӣ, мудири иҷроияи “Webuild” ҳузур доштанд.

Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҳузури коргарони Роғун гуфтааст: "Дар муҳлати панҷ моҳ хобонидани бетони шиббашавандаи таҳкурсии ядрои сарбанд дар ҳаҷми 268 ҳазор метри мукааб ба нақша гирифта шудааст ва ин кор бояд шабонарӯзӣ ба роҳ монда шавад.”

Ба қавли Эмомалӣ Раҳмон, бояд барои суръат бахшидан ба сохтмони сарбанд корҳо шабонарӯзӣ ба роҳ монда шаванд.

Нерӯгоҳи "Роғун" бо иқтидори 3600 мегават дар сурати такмил бузургтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд ва тавлидоти нерӯи барқро дар Тоҷикистон ду баробар зиёд хоҳад кард. Садди нерӯгоҳ бо баландии 335 метр баландтарин дар ҷаҳон хоҳад шуд.

Сохтмони нерӯгоҳ дар аҳди Шӯравӣ оғоз ёфт ва баъди ба даст овардани истиқлол солҳои дароз қатъ шуд. Айни замон ду турбинаи он кор мекунад, вале бо вуҷуди ин дар фасли сармо мардум нерӯи барқи кофӣ намегиранд.

Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, умедвор аст, муассисаҳои байнулмилалии молӣ барои анҷоми сохтмони нерӯгоҳ, ки миллиардҳо доллари дигар зарур аст, қарз медиҳанд ва ё кумак мекунанд. Дар гузашта дар бораи суистифодаи маблағҳо ва ғайриҳадафмандона харҷ кардани онҳо гузориш шудааст.

XS
SM
MD
LG