Як гуруҳ аз ҷавонони тоҷик бо таъсиси системаи миллии ҷустуҷӯ мехоҳанд, барномаҳои шабеҳи Гугл ва Яндексро дар Тоҷикистон ба роҳ монанд. Муаллифони системаи ҷустори миллӣ бовар доранд, ки корашон барои Тоҷикистон муҳим аст. Мутахассисон барои муваффақ шудани ин тарҳ роҳи мушкилеро пешбинӣ мекунанд.
“Гугл барои англисзабонҳо асту Яндекс барои русзабонҳо”
Нахустин системаи ҷустори тоҷикӣ дар интернет ҳафтаи гузашта дар Душанбе муаррифӣ шуд. Он аз сӯи Файзуллоҷон Сафаров, устоди филиали Донишгоҳи МИССИС дар Душанбе ва дӯстонаш сохта шудааст. Системаи smj.tj ба мисли Гугл ва Яндекс барои ҷустуҷӯи маълумот аз интернет пешбинӣ шудааст. Муаллифонаш бар зарурати чунин низом барои амнияти иттилоотии Тоҷикистон таъкид мекунанд.
Файзуллоҷон Сафаров, муассиси сомонаи smj, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, кишварҳои англисизабон аз системаи Гугл истифода мебаранду русзабонҳо аз Яндекс.
“Аммо ин системаҳо ҳамаи маълумоти барои тоҷикистониён лозимро дода наметавонанд. Ҳар чизеро ки аз дидгоҳи худашон лозим аст, ҳамонро пешниҳод мекунанд. Аммо системаи ҷустории мо ҳар чизро аниқу дақиқ ба мизоҷон пешниҳод мекунад,” -- афзуд Сафаров.
“Баъзеҳо масхара карданд, ки бо Гугл рақобат мекунӣ?”
Сокинон дар Тоҷикистон барои ҷустуҷӯи мавод аз интернет асосан аз Гугл ва Яндекс истифода мебаранд. Ин ду низоми бузург ба ҷуз аз хадамоти ҷустуҷӯ инчунин даҳҳо навъи хадамоти ройгонро пешниҳод мекунанд. Муаллифони нахустин системаи ҷустори миллӣ мегӯянд, бо назардошти ин воқеият бархеҳо ба муваффақ шудани онҳо шубҳа доранд.
Ба гуфтаи Файзуллоҷон Сафаров баъзе мутахассисон ҳатто онҳоро мазоҳ мекарданд, ки “медонӣ, ҳамроҳи кӣ рақобат карда истодаӣ? Ман гуфтам, бале, ман бо боварӣ ин корро карда истодаам.”
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Мутахассис: система муваффақ мешавад, агар...
Системаи smj феълан аз сӯи Файзуллоҷон Сафаров ва чанд дӯстонаш идора мешавад. Системаро ҳам бо пули худашон сохтаанд. Баъзе мутахассисони бахши фанноварӣ аз ин иқдом истиқбол, вале дар як вақт роҳи мушкилеро пешбинӣ мекунанд.
Рустам Гулов, коршиноси фанновариҳои иттилоотӣ, мегӯяд, низомҳое чун Гугл дар замоне роҳандозӣ шуданд, ки бозор холӣ буд. Вале ба гуфтаи Гулов, системаи миллии ҷустуҷӯ дар шароите вориди бозор мешавад, ки мардум ба истифодаи Гугл ва Яндекс одат кардаанд. Шикастани ин одат ва мутмаин кардани инки мардум ба системаи миллии ҷустуҷӯ рӯй оранд, ба назари ин мутахассис мушкил аст.
“Аз нуқтаи назари техникӣ ҳам хеле мушкилоти зиёд ба пеш меояд, чунки бояд серверҳои худашонро дошта бошанд. Дар он серверҳо бояд тамоми интернетро индексатсия ё барои худ нусхабардорӣ кунад. Агар индексатсия карда натавонад, мушкилот ба вуҷуд меояд. Дигар инки агар алгоритми ин система аз Гугл ва Яндекс беҳтар барояд, масалан, маълумотро тезтар ёбад, чизи мувофиқтар ёбад, шояд мақоми худро дар бозор пайдо карда тавонад," -- афзуд Рустам Гулов.
Сарфи назар аз ин мушкилиҳо, муаллифони системаи ҷустори тоҷикӣ ба муваффақ шудани худ бовар дорад. Албатта, барои рақобат бо низомҳои ҷаҳоние чун Гуглу Яндекс сармояи бузурге лозим аст. Сармояе, ки феълан маълум нест муассисони системаи миллии ҷустуҷӯ аз куҷо меёбанд.
Дар гузашта баъзе талошҳо барои офаридани барномаи мушобеҳ ба “Одноклассники” ва Фейсбук дар Тоҷикистон сурат гирифта буд. Вале ба назар мерасад онҳо мизоҷони худро пайдо карда натавонистанд. Аз ҷумла, соли 2015 “Ҳамсинфон” монанд ба сомонаи “Одноклассники”-и русӣ ба майдон омад, вале дер напоид.