Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пеш(пас)рафти рушди техникии Тоҷикистон. Кишвар чиро аз даст медиҳад?


Коршиносони арсаи фанновариҳои иттилоотӣ мегӯянд, набудани шароити зарурӣ дар ин замина ва майлу рағбати кас ба илмҳои дақиқ дар Тоҷикистон кишварро аз афзалиятҳои қобили таваҷҷуҳ маҳрум мекунад. Аммо, ба назар мерасад, мақомот умедро аз даст надодаанд ва барои 20 соли оянда барномарезӣ кардаанд.

Дар пайи воқеаҳои Украина садҳо мутахассиси арсаи фанноварҳи иттилоотӣ аз Русия вориди кишварҳои Осиёи Марказӣ шуданд. Онҳо дар мусоҳибаҳояшон бо расонаҳои гуногун мегӯянд, ба далели дастрасӣ ба Интернет ва хадамоти дигар шаҳрҳои Алмато, Тошканд ва Бишкекро барои зиндагӣ ва кори фосилавӣ интихоб кардаанд.

Баъзе аз онҳо ширкатҳои худро таъсис дода, дар ҷойи нав сармоягузорӣ мекунанд. Тоҷикистон дар ин миён бо доштани бадтарин шохис аз назари дастрасӣ ба Интернет аз кишварҳои ҳамсоя дар ҷазби буҷаи изофӣ ба иқтисоди худ ақибмонда аст. Мутахассисон таъкид мекунанд, ки набудани шароит дар заминаи фанновариҳои иттилоотӣ ва илмҳои дақиқ алоқаи ҷавононро ба ин арса коҳиш медиҳад ва иқтисоди кишвар аз имкониятҳои ҳангуфти молӣ ва фанноварӣ бенасиб мешавад.

Набуди оянда

"Мутахассисон ҳангоми интихоби кишвар кайфияти Интернет, нархи хадамоти гуногун ва эътимод ба бонкҳоро дар авлавият қарор медиҳанд. Бо таассуф, Тоҷикистон дар ин замина аз ҳамсояҳои худ ақибмонда аст," -- мегӯяд Парвиз Ошурмамадов, мутахассиси фанновариҳои иттилоотии муқими Олмон.

Ба гуфтаи ӯ, кишварҳои дигар тавонистаанд паркҳои фанновариҳои пешрафтаро бунёдгузорӣ кунанд, ки онҷо даҳҳо ширкат бо доштани имтиёзҳои молиётӣ (андоз) кор мекунанд. Ба воситаи ин паркҳо ба кишварҳо даҳҳо ва садҳо миллион доллар сарозер мешавад.

“Кишварҳои Осиё, Аврупои Шарқӣ ва Ҳинд бо қабули супоришҳо ва омода кардани тарҳҳо миллионҳо долларро ба кишварҳояшон ворид мекунанд. Ин пулҳо иқтисодро нерӯманд ва ба мардум дар заминаи соҳибкорӣ ангеза медиҳанд, ки ба рифоҳи аҳолӣ мусоидат мекунад”, - мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Ин мутахассис бовар дорад, бо фароҳам шудани шароит ва таъсиси ширкатҳои муваффақ дар Тоҷикистон ба ҷавонон ангезаи кор дар масири нав ва судовар медод.

Вазъияти ҳамсояҳо

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва ширкати StrategEast солҳои ахир дар заминаи омӯхтани таҷрибаи кишварҳои дигар барои таъсиси паркҳои фанновиҳои иттилоотӣ кор мекунанд. Коршиносони мустақил таъкид меварзанд, ки бидуни қонунгузории муносиб ва интернети дастрас амалӣ кардани чунин тарҳ номумкин аст.

Дар зимн, паркҳои фанновариҳои иттилоотӣ дар Қазоқистон соли 2003, Қирғизистон соли 2013, Туркманистон соли 2018 ва дар Узбекистон соли 2019 таъсис дода шудаанд.

Тоҷикистон дар гузориши фанновариҳои иттилоотие, ки 25-уми феврали соли 2021 дар нишасти тиҷорат ва рушди СММ нашр шудааст, дар миёни 15 кишвари ноомода барои фанновариҳои нав қарор гирифтааст.

Илмҳои дақиқ

Омода набудан барои фанновариҳо низ аз набуди алоқа ба илмҳои дақиқ аз сӯи донишомӯзон ва ҷавонон вобаста аст. Ин мушкил солҳои дароз дар сатҳҳои мухталиф ҳатто дар сатҳи раиси ҷумҳур ба баҳсу баррасӣ кашида мешавад, аммо ҳанӯз пешравие ба чашм намерасад.

“Маъмулан ҷавонони мо ва волидони онҳо ҳангоми интихоби пеша на худи он, балки тарзи зиндагии мутахассисро интихоб мекунанд. Вақте донишҷӯйи донишгоҳи пизишкӣ мешавад, ба фикри табобати мардум нест, балки мехоҳад, мисли пизишкон зиндагӣ кунад ва аз беморон пул бигирад...Агар мо мехоҳем, ки алоқамандони омӯзиши химия ва физика зиёд шавад, лозим аст, ҷавонон дар атрофи худ намояндагони муваффақи ин арсаро бубинанд”, -- менависад физики ҷавони тоҷик Ризо Баҳромзода.

Як корманди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мегӯяд, набудани ангеза ба омӯхтани илмҳои дақиқ мушкилии онҳо ва ҳамчунон набуди оянда барои кор аст, зеро ин арса дар кишвар пурра нобуд шудааст. “Дар натиҷа, бо як пурсиши хушку холӣ дучор мешавем, ки мо бояд дар иқтисод ва саноати низомӣ аз назари фаннӣ рушдёфта бошем, аммо барои ҷазби афрод ба ин соҳа шароит нест,” - таъкид мекунад ҳамсуҳбати мо.

Моҳи феврали имсол Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, бо судури як фармон солҳои 2020-2040-ро “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон кард. Ҳадафи ин иқдом ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, рушди тафаккури техникӣ, қавӣ кардани робитаи илм бо истеҳсолот ва ҷалби ҷавонон ба навоварӣ мебошад.

Кормандони Академияи миллии илмҳо мегӯянд, дар доираи ин барнома дар байни ҷавонон бо ҷоизаҳои пулӣ озмунҳои илмҳои дақиқ гузаронида мешаванд, ки дар самти пешбурди илмҳои дақиқ як иқдоми қобили таваҷҷуҳ аст.

Хоҳиш аст, модел нест

Шореҳи иқтисодӣ Нур Сафаров мегӯяд, Тоҷикстон ба вақт ва сармоягузории ҷиддӣ ниёз дорад, то тиҷорати маҳаллӣ дар пешбурди саноат саҳм дошта бошад.

"Чин ба унвони сармоягузор ҳоло дар Тоҷикистон пешсаф аст. Амалан 99 дарсади ҳамаи сармоягузориҳо дар саноати маъдан ширкатҳои чинӣ мебошанд. Чиниҳо дар ин замина ҳам пул ва ҳам мағз доранд, яъне муҳандисон ва мутахассисони омода. Аз байни мардуми мо танҳо кормандони сатҳи поинро истихдом мекунанд. Таҳияи тахассусҳои фаннӣ бе робитаи наздик ба воқеиятҳои рӯз сарфаи беҳудаи вақт аст. Таъсиси ширкатҳои муштарак ва истифодаи мутахассисон ва муҳандисони хориҷӣ вобастагии фанниро ба вуҷуд меорад," -- мегӯяд Сафаров.

Ин коршинос таъкид мекунад, ки дар Тоҷикистон захираи донишҳои ҳирфаии муҳандисӣ дар ҳоли тамом шудаанд ва ҷойи онҳоро дар баъзе аз арсаҳо мутахассисони чинӣ мегиранд.

Сафаров мегӯяд, ниёз ба эҷоди як модел аст, ки барои чандсолаи оянда бахши саноатиро бисозад ва ҳамзамон ба омода кардани мутахассисон дар самтҳои стратегӣ кор кунад.

Тоҷикистон дар радабандии кайфият ё сифати омӯзиши риёзӣ ва илмҳои дақиқ дар байни 137 давлат дар ҷойи 74-ум аст.

XS
SM
MD
LG