Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия як ҷавон ба сурхакони маймун мубтало шудааст


Дар Русия мавриди нахустини гирифторӣ ба вируси сурхакони маймунро сабт кардаанд.

Дар ин бора “Роспотребнадзор”, идораи беҳдоштии Русия, хабар дод.

Шахси бемор ҷавоне будааст, ки аз сафари Аврупо баргашта, бо доғ ё захмҳои бадан ба табибон муроҷиат кардааст.

Ҷойи зисти беморро аз дигарон ҷудо кардаанд ва онҳое ки бо ӯ тамос доштанд, таҳти назорат гирифта шудаанд.

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ моҳе пеш аз 780 мавриди гирифторӣ ба бемории сурхакони маймун дар 27 кишвари ҷаҳон хабар дод.

Ин созмон хатари сурхакони маймунро дар ҳоли ҳозир “миёна” арзёбӣ кардааст. Ҳамзамон ҳушдор дод, ки агар ин вирус дар кишварҳои берун аз Африқо густариш биёбад, метавонад, хатари бештарро бор оварад.

“Сурхакони маймун” як бемории нодир буда, бештар дар минтақаҳои дурдасти Африқо хуруҷ мекунад. Ташнагӣ, таби баланд, пайдо шудани доғ ё донаҳо дар пуст ва дарди мушакҳо аз нишнаҳои аслии ин беморӣ аст.

XS
SM
MD
LG