Бо гузашти ду ҳафта аз қарори ҳабси хабарнигорону блогерон, Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ, созмонҳои ҳомии ҳуқуқи рӯзноманигорон дар Тоҷикистон дар робита ба қазияи онҳо изҳороте надоданд. Айни замон баъзе аз рӯзноманигорон дар алоҳидагӣ хоҳони раҳоӣ ё баррасии одилонаи парвандаашон шудаанд.
Абдуқодири Рустам, рӯзноманигор ва нависандаи тоҷик, рӯзи 2-юми июл тавассути Фейсбук ба пуштибонӣ аз онҳо садо баланд кард. Ӯ навишт, "Далер ва Абдуллоҳро озод кунед! Бо истинод ба қонун қонуншиканӣ накунед, барои ҳимоят аз худ ҳуқуқи дигаронро поймол насозед! Суханро намешавад зиндонӣ кард!"
Дар ҳамин рӯз, Ҳуриннисо Ализода, рӯзноманигор ва раиси Шӯрои Васоити Ахбори Оммаи Тоҷикистон, низ дар паёме дар Фейсбук гуфт: "Зиндонӣ кардани забони журналистика роҳи ҳалли масоили иҷтимоӣ нест. Агар ҷурми дигаре ҳаст, бояд ҷомеа бидонад. Ҷомеа ба иттилои саҳеҳ ҳақ дорад, на ба тахминзанӣ, тарс ва дилхунукӣ!"
Аз он пеш, 29-уми июн, Абдуқодир Талбаков, рӯзноманигор ва мудири Китобхонаи ба номи Лоҳутии пойтахт, хоҳони расидагии "холисона"-и Додситонии кул ва Маҷлиси Миллӣ ба қазияи Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ шуд, то ба гуфтааш, "эътиқоди мардум аз волоияти қонун, ҷомеаи демократӣ, нерӯи ҷомеаи шаҳрвандӣ коста нашавад."
Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ рӯзи 15-уми июн дастгир ва 18-уми июн ба ду моҳ ҳабси пешакӣ гирифта шуданд. Мақомот Далери Имомалиро ба "соҳибкории ғайриқонунӣ", "дурӯғпароканӣ" ва "пайравӣ аз созмонҳои мамнуъ" ва Абдуллоҳ Ғурбатиро ба ҳамла ба маъмури милиса гумонбар донистанд. Онҳо бахши асосии иттиҳомҳоро напазируфтаанд.
Боздошти Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ки ҳамроҳ барои Ютюб гузориш омода мекарданд, вокунишҳои зиёдро ба миён овард. Чанд созмони байнулмилалӣ, аз ҷумла Human Rights Watch аз мақомот хостанд, иттиҳоми зидди ду блогерро бекор карда, онҳоро озод намоянд.
Мақомот чизе намегӯянд. Ба парвандаи Далери Имомалӣ муҳри махфӣ задаанд ва вакили мудофеъ забонхат додааст, ки дар бораи парванда ҷузъиёт намедиҳад.
- Дар тақрибан ду моҳи охир дар Тоҷикистон камаш панҷ рӯзноманигору блогер дастгир шудаанд
- “Бунёди Бузургмеҳр”, созмони мустақар дар Аврупо, аз Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Далери Имомалӣ, Мамадсултон Мавлоназаров (Муҳаммади Султон) ва Хушрӯз Ҷумъаев (Хушом Ғулом) ном бурдааст.
- Улфатхоним Мамадшоева, фаъоли ҷомеаи мадании Бадахшон, ки 17-уми майи имсол дар Душанбе дастгир шуд, низ рӯзноманигор аст.
- Дар ин давра ба чаҳор хабарнигору наворбардори Радиои Озодӣ ва телевизиони “Настояшее Время” дар пойтахт ҳамла шуда, телефону дастгоҳҳои забти онҳо рабуда шуд.