Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кайфу сафо аз ризқи гадо (ВИДЕО)


Хабари он ки як зан марди нобиноеро ба талабандагӣ водошта, дар давоми зиёда аз даҳ сол бо ин васила 32 ҳазор доллар ба даст овард, ҷомеаи тоҷикро такон дод.

Ин воқеа ҳамчунин ақидаҳоеро ба миён овард, ки шояд на ҳамаи гадоҳои кӯча бо хоҳиши худ ва аз рӯи ночорӣ дасти талаб ба сӯи раҳгузарон дароз мекунанд ва мумкин аст, афроде ё ҳатто даста ва шабакае онҳоро зери назар дошта бошад. Ин суол моро водошт, ки бо қурбонии воқеаи ахир дар тамос шавем.

Ин мард, аз чашми бино маҳрум Мирзомурод ном дорад ва то соли 2002 ҳамроҳи зану фарзандаш дар хонаи бародараш ба сар мебурд. Аммо он рӯзҳо бо зане шинос шуд, ки ваъда дод, ӯро парасторӣ хоҳад кард.

Мирзомурод мегӯяд, худи ин зан иҷоранишин буд ва ҳар хонаеро, ки иҷора мегирифт, Мирзомурод ва зану фарзанди ӯро бо худ он ҷо мебурд. Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, бо ташвиқи ин зан вай 11 сол ба талбандагӣ машғул буд ва ҳамаи пуле ки ҷамъ мекард, ба дасти ин зан медод, чунки вай ба ӯ ваъдаи харидани хонаро дода буд: «Вай мегуфт, агар аз шумо ман об гирифта бошам, равған карда медиҳам. Зимистона зимистон намегуфт, дар хунукиву сардиҳо маро ба кӯча мебурданд, то ин ки талбандагӣ кунам. Бегоҳӣ вақте бармегаштам, ҳамаи пулҳои моро ҳисоб карда мегирифт ва дар дафтараш қайд мекард. Аммо дар чиллаи ин зимистон моҳи декабр моро аз хонааш берун кард.»

Мирзомурод мегӯяд, вай ҳамроҳи писару занаш дар зимистон бесарабон дар кӯча монданд ва илоҷе ҷуз ин надоштанд, ки рӯ ба мақомоти қудратӣ наоранд.

Ба иттилои торнамои Вазорати корҳои дохилӣ, пас аз муроҷиати Мирзомурод мақомоти тафтишот муайян карданд, ки Қурбонгул Шарифова, сокини 48-солаи пойтахт 11 сол ба ин сӯ Мирзомуродро ба талбандагӣ водор карда, дар маҷмӯъ 163 ҳазор сомониро иҷборан аз ӯ гирифта ва ваъда додааст, ки барояш хонаи истиқоматӣ мехарад, аммо пулҳоро барои зиндагии худаш сарф кардааст.

Худи Мирзомурод ҳоло дар Маркази махсуси Созмони ҷаҳонии муҳоҷират барои қочоқшудагон дар Душанбе ба сар мебарад ва мегӯяд, намедонад оянда дар куҷо зиндагӣ хоҳад кард: «Як бародар дорам, ки вай ҳамроҳи занаш моро нигоҳубин мекарданду мекунанд. Аммо вай ҳам зиндагии худашро дорад. Ман ҳамин қадар сол дар болои пули вокзали роҳи оҳан ва назди бозори Шоҳмансур нишаста, талбандагӣ мекардам, ки соҳиби хона шавам, вале билохира ин зан маро фиреб дод».

Мирзомурод мегӯяд, зиндагии Қурбонгул аз пулҳои талбидаи ӯ хеле беҳбуд ёфт. Чунки вай ҳар рӯз аз кӯчаҳо бо роҳи талбандагӣ аз 80 то 150 сомонӣ ба даст меовард ва дар моҳи шарифи Рамазон аз ин ҳам бештар. Ба таъкиди Мирзомурод, ду сол қабл афроди хайрхоҳ ба ӯ миқдори зиёди биринҷу равғану сабзӣ оварданд ва Қурбонгул бо истифода аз ин масолеҳ туйи писарашро баргузор кард. Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, вай ба Қурбонгул хеле бештар аз 163 ҳазор сомонӣ пул овардааст, аммо дар назди мақомоти тафтишот вай танҳо ҳамин миқдор пулро ба ӯҳда гирифтааст.

Гаштугузори мо дар кучаҳои пойтахт ва сӯҳбатҳо бо сокинон собит сохт, ки на ҳама ба воқеан ниёзманду мӯҳтоҷ будани гадоҳои сари роҳ бовар доранд ва умдатан ба ҳамсоя, ҳамдеҳа ва хешу табори худ кӯмак мекунанд.

Талбандагӣ дар кӯчаҳои Душанбе
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:56 0:00

Завқибек, як сокини пойтахт мегӯяд худи имрӯз дар наздикии фурӯшгоҳи «Садбарг» занеро мушоҳида карда, ки худро ба рӯи замини пурбарф афканда, талбандагӣ мекард: «Ман борҳо ин занро мебинам, ки ҳамин хел мекунад. Аммо фурӯшандаҳо мегӯянд, ки вай либоси хеле гарм пӯшида аз болояш як куртаи жандаро ба бар мекунаду ҳар гоҳ паси фурӯшгоҳ рафт пулҳояшро ҳисоб мекунаду дубора бозмегардад. Ман бовар дорам, ки аксарияти ин талбандаҳо дар асл муҳтоҷ нестанд».

Завқибек мегӯяд, тоҷикон намегузоранд, ки ҳамсоя ва ё дигар шахси шиносашон то ба ин ҳад мӯҳтоҷу бечора бошад ва ғайримантиқист, ки аҳли маҳалла ва ё наздикон ба ӯ кӯмак накунанд. Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, ба эҳтимоли зиёд ин зан пас аз талбандагӣ либосҳои жандаи худро бадар карда, ба хонааш меравад.

Талбандаҳо дар кӯчаҳои Душанбе умдатан аз шумори ҷӯгиҳо, занону мардони пиронсоли рус, ки барҷомонда шудаву фарзандонашон онҳоро тарк кардаанд ва афроди маълулу бемор иборатанд. Аммо кормандони пулиси Тоҷикистон мегӯянд, ошкор нашудааст, ки онҳоро созмону даста ё шабакае раҳбарӣ мекунад ва мавриди сӯистифода аз талбандаҳо бори аввал кашф шудааст.

Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар ин робита гуфт: «Ин бори аввал аст, ки чунин ҳодисаро кормандони милиса ба қайд гирифтанд. Дар ду соли охир ман ёд надорам, ки чунин ҳодиса кашф шуда бошад».

Дар ҳоли ҳозир додситони шаҳри Душанбе нисбати Қурбонгул Шарифова барои сӯистифода аз пули талбанда парванда боз намуда, худи ӯ боздошт шудааст. Шояд тафсилоти бештари ин рӯйдод баъд аз итмоми тафтиш ошкор гардад.
XS
SM
MD
LG