Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади афсари "ОМОН"-ро дар сарҳади Афғонистон пайдо кардаанд


 Сангалӣ Камолов як сол пеш корро ба ҳайси ронанда дар ҳайати неруҳои махсуси Вазорати корҳои дохилӣ оғоз кардааст. 
Сангалӣ Камолов як сол пеш корро ба ҳайси ронанда дар ҳайати неруҳои махсуси Вазорати корҳои дохилӣ оғоз кардааст. 

Пайвандони Сангалӣ Камолов ронандаи неруҳои махсуси вазорати корҳои дохилӣ, ки як моҳ қабл ҳангоми ҳаракат ба самти Хоруғ нопадид шуд, мегӯянд, ҷасади ӯро пайдо ва дафн кардаанд.

Шӯҳрат Камолов, бародари Сангалӣ рӯзи 22-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷасади бародараш рӯзи 12-уми июн дар канори рӯдхонаи Панҷ дар сарҳади Афғонистон ёфт шудааст.

Ба қавли хешовандонаш, Сангалӣ рӯзи 20-уми майи имсол гурӯҳи сарбозони ОМОН ва ё неруҳои махсуси вазорати корҳои дохилиро дар мошини низомиаш ба ноҳияи Рӯшони ВМКБ мебурд, "аммо дар роҳ бедарак шуд".

Мақомот ба наздиконаш гуфтаанд, ӯ шаби 21-уми май дар рӯдхона ғарқ шудааст. Вазорати корҳои дохилӣ то кунун дар бораи нопадид ё ғарқ шудани кормандони ОМОН иттилоъ надодааст. Дар бораи ёфт шудани ҷасад ҳам чизе нагуфтааст.

Ба нақли пайвандони Сангалӣ Камолов, бо ӯ як нафари дигар низ ғарқ шудааст. Маълум нест, дар дохили мошин чанд афсар будааст ва сарнавишти дигарон чӣ шудааст. Рӯзи 23-уми май як манбаи наздик ба мақомоти интизомӣ дар Хоруғ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ иддао кард, ки "7 корманди неруҳои таъиноти махсус дар наздикии Рӯшон бенишон шудаанд".

Бародари Сангалӣ Камолов, моҳи гузашта дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки муовини вазир ӯро даъват карда ва “хабар дод, ки Сангалӣ бо мошин дар дарё ғарқ шудааст. Изҳори ҳамдардӣ кард.” Сангалӣ Камолов як сол пеш корро ба ҳайси ронанда дар ҳайати неруҳои махсуси Вазорати корҳои дохилӣ оғоз кардааст.

Вазъ дар ноҳияи Рӯшон рӯзи 17-уми май ва баъди он печида шуд, ки гуруҳе аз сокинон, роҳи низомиёнро аз Душанбе ба самти Хоруғ бастанд. Мақомот 18-уми май гуфтанд, дар онҷо амалиёти "зиддитеррористӣ" мегузаронанд ва норозиёнро аъзои гуруҳҳои ғайриқонуние номиданд, ки ба гуфтаи онҳо, барои ноором кардани кишвар аз хориҷ дастур мегирифтанд.

Мардум мегӯянд, аслиҳа надоштанд ва барои пешгирӣ аз даргирии бештар дар Хоруғ роҳро бастанд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, дар ноҳияи Рӯшон 9 кас, аз ҷумла 1 сарбоз кушта ва 24 кас, аз ҷумла 13 сарбоз захмӣ шудаанд. Сокинони маҳаллӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, 21 ҷасад гирифтанд.

XS
SM
MD
LG