Дар шимоли Тоҷикистон таъмиру бозсозии роҳе оғоз ёфт, ки онро яке аз роҳҳои вайрон ва ҳам маргбор дар ин самти кишвар мешуморанд. Ин роҳи 100 километрӣ ноҳияи Аштро бо шаҳри Хуҷанд мепайвандад ва аз замони сохта шуданаш дар даврони шӯравӣ боре ҳам дуруст таъмир нашудааст.
Акнун соҳибкорон мехоҳанд, ин камбуди 30 соли истиқлоли Тоҷикистонро ба қадри тавонашон ислоҳ кунанд. Онҳо нахустин километрҳои роҳи ноҳамворро мумфарш мекунанд ва тарсу бими ронандагон ҳам аз садамаҳо коҳиш меёбад. Ба гуфтаи ронандагон, роҳ ба ҳадде вайрон аст, ки на ҳама ҷуръати ҳаракат ва бор кашидан аз тариқи онро мекунанд.
Шавкат Муҳаммадюсуфов, ронандаест, ки аз ин роҳ зиёд мегузарад: “Ҳоло чуқуриҳоро пур карда истодаанд, дирӯз шукр нағз омадем. Лекин ун рӯзҳо чанд бор чархи мошинам кафид. Пештар борҳо диск мешикаст. Ҳар бор шиканад 500-600 сомонӣ харҷ мекунам.”
Каримқул Маҳмадқулов, сокини дигари Ашт ҳам ҷабри ҳаракат дар ин роҳро зиёд кашидааст. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт: "Дар се, ё чор моҳ як бор нақлиётамонро таъмир карда меистодем, чунки роҳҳо вайрону ноҳамвор буд. Акнун агар таъмир шавад, шояд дар 1 ё 2 сол як бор таъмир мекунем. Нағз мешавад. Ин ҳам барои ободии ноҳияву Тоҷикистон аст. Раҳмат ба ҳама, ки ҳаракат карда ин роҳро таъмир карда истодаанд."
Моҳи май соҳибкорони Ашт дар як ҳамоиш тасмим гирифтанд, ки дар таъмири ҷузъии роҳ саҳм гузоранд. Барои ин наздики 3 милион сомонӣ даркор аст ва дар нахустин қадам аз се як ҳиссаи он ҷамъоварӣ шудааст. Мақомоти маҳаллӣ умедворанд, маблағҳои боқимонда низ ҷамъоварӣ мешавад ва то таъмири куллӣ ҳаракат дар ин роҳ осонтар мегардад.
Ҳаётҷони Одил, сухангӯи ҳукумати Ашт: “Ташаббуси он, ки роҳи Хуҷанд-Ашт бо асфалти гарм таъмир мешавад, аз таъмирҳои пеш бо он фарқ мекунад, ки таъмир бо асфалти хунук гузаронида мешуд. Муҳлати дурудароз ба мардум хидмат намекард ва ба гуфтаи мутахассисон, асфалти гарм метавонад якчанд сол роҳро ҳамвор нигаҳ дорад.”
Аксари роҳҳои мошингарди Тоҷикистон, ки дар давраи Шӯравӣ сохта шудаанд, кӯҳнаву фарсуда ҳастанд ва барои таъмири ҳарсолаи он миллионҳо доллар зарур аст. Роҳи Хуҷанд-Ашт низ ба далели худкифо набудани буҷаи ноҳия таъмири куллиро надидааст.
Чанде пеш Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонааш гуфт, ки дар 5 соли оянда ин мушкил ҳал хоҳад кард. Роҳи Хуҷанд-Ашт аҳамияти байнамилалӣ ҳам дорад. Дар ҳоли таъмир шудани ин роҳ равуои сокинони Тоҷикистону Узбекистон зиёд мешавад ва гардиши молу коло байни ду минтақа рушд мекунад. Ташаббуси асосии соҳибкорон ҳам барои таъмирироҳ ба ҳамин масъала марбут дониста мешавад.