Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Жолаву сели харобиовар дар Ашт


Сел дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд бахше аз роҳҳои мошингарду пулҳоро вайрон карда, ба дару девори сокинон осеб расондааст.

Мардум гуфтанд, сел пас аз зуҳри 30-юми май омад. Баъди онки, ба қавли онҳо, жолаи сахте борид.

Мақомоти Ашт тасдиқ карданд, ки баъзе аз роҳҳои мошингард хароб шудааст. Мирзоҳомид Латифов, сардори Идораи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия, гуфт, зиёни сел калон аст, вале ҳанӯз ҳисоб нашудааст.

Ноҳияи Ашти вилояти Суғд дар 400-километрии пойтахти Тоҷикистон ҷойгир аст. Тақрибан ҳар сол дар баҳору тобистон ба сабаби “бедодгариҳои табиат” сокинони баъзе деҳаҳо бе роҳ ва гоҳе бе хонаву дар мемонад.

Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, ҳафтаҳои охир дар чанд гӯшаи кишвар бинобар номусоидии ҳаво, борону барфу жола боғу роҳҳо ва манзили хароб кардааст.

XS
SM
MD
LG