Рӯзи 15 июн президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Фармондеҳи ситоди марказии қувваҳои мусаллаҳи ИМА генерал Майкл Эрик Курилла дидору гуфтугӯ кард. Ба навиштаи вебсайти президенти Тоҷикистон, дар ин мулоқот густариши равобити Тоҷикистону ИМА дар бахши низомиву амниятӣ баррасӣ гардид. Ба навиштаи манбаъ, дар ин мулоқот сӯҳбат аз вазъи кунунӣ дар минтақа ва ҷаҳон, масъалаҳои мубориза алайҳи терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ рафтааст. Тафсилоти дигари ин гуфтугӯҳо нашр намешавад.
Дар як моҳи охир ин сафари сеюми мақоми баландпояи амрикоӣ ба Тоҷикистон аст. Аввали моҳи июн Намояндаи хоси Амрико барои Афғонистон Томас Вэст дар Тоҷикистон дурнамои Афғонистон ва кӯмак ба паноҳандаҳои ин кишварро баррасӣ кард.
Охири моҳи май Доналд Лу, ёвари Котиби давлатӣ ё вазири корҳои хориҷии Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ аз Тоҷикистон дидан карда, бо мақомоти баландпояи ин кишвар дар бораи вазъи амниятии минтақа, ҳодисаҳои Бадахшон ва мушкили хабарнигорон бо Радиои Озодӣ суҳбат кард.
ИМА, ки 30 соли охир як шарики муҳими Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ба Тоҷикистон ба маблағи умумии 330 миллион доллар кумаки низомӣ расонидааст. Ба иттилои сафорати ИМА дар Тоҷикистон, кӯмакҳои дигари ИМА барномаҳои амниятӣ, иқтисод, тандурустӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, маориф ва рушдро дар бар мегирад ва дар умум ба кишвар аз соли 1992 ба маблағи 1,8 миллиард доллар кумак расонидааст.