Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ки сокинони вилояти мухтори куҳистони Бадахшон тайи тақрибан як моҳи охир 39 силоҳи оташфишонро ихтиёрӣ ба нирӯҳои пулису амниятӣ супурдаанд. Вазорат рӯзи 9-уми сентябр дар як баёнияи расмӣ гуфт, ки аз ин ҳисоб 11 таппончаи тамғаи “Макаров”, 8 силоҳи оташфишони тамғаи “АКМ”, як пулемёт ва 19 адад силоҳи дигар аст.
- “Дар шаҳри Хоруғ 22 силоҳи оташфишонро ихтиёрӣ ба мақомот супурданд”, – гуфта шудааст дар баёнияи Вазорати корҳои дохилӣ.
Халъи силоҳ яке аз шартҳое буд, ки 25-уми июли соли 2012 ҳукумати Тоҷикистон пеши гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Бадахшон гузошт.
Ҳамасола ҳодисаҳои истифодаи силоҳи оташфишон аз ҷониби афроди мулкӣ дар баҳсҳои маишӣ дар вилояти Бадахшон сабт мешавад. Аз ҷумла, моҳи октябри соли 2016 Фирӯз Одинашоев дар шаҳри Хоруғ бо силоҳи оташфишон дар “разборка”-и кӯчагӣ ба ҳалокат расид. Моҳи июли соли 2015 Давлат Кименов, сокини 20-солаи ноҳияи Рӯшон низ дар чунин баҳс бо тири таппонча кушта шуд.
Як сокини шаҳри Хоруғ бидуни зикри номаш рӯзи нуҳуми сентябр гуфт, эҳтимол маъаракаи “халъи силоҳ” дар пайи “корҳои фаҳмондадиҳӣ” сурат гирифтааст. Ӯ гуфт, ки чанд муддат боз дар вилоят намояндагони мақомоти гуногун ҳузур дошта ва бо сокинон суҳбатҳо анҷом медиҳанд.
“Албатта, дар ҳар суҳбат сухан аз ҳифзи субот аст. Шояд онҳо моил кардаанд, ки баъзе афрод силоҳҳои доштаашонро ба мақомот бидиҳанд”, - афзуд ӯ.
Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ пинҳон намекунанд, ки аъзои Ситоди байниидоравии ҷумҳуриявии таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон ва бехатарӣ дар вилояти Бадахшон ҳузур доранд. Мақомот гуфтанд, ки ин ситод нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои вилоятро низ зери назорат гирифтааст.
Ба иттилои ВКД, “аз тарафи гурӯҳи корӣ 537 далели вайронкуниҳои қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла 66 ҳолат бо шишаҳои ғайриқонунӣ сиёҳкардашуда, 20 ҳолат бе ҳуҷҷати ронандагӣ, 12 ҳолат бо рақамҳои бегона, 12 ҳолат итоат накардан ба талаботи қонунии корманди БДА, 7 ҳолат бе рақамҳои қайди давлатӣ, 2 далел дар ҳолати мастӣ, 1 ҳолат бо рақамҳои қалбакӣ ва 417 ҳолат дигар ҳуқуқвайронкуниҳо ошкор гардиданд.”
Хабари ихтиёрӣ супурдани тақрибан чиҳил силоҳи оташфишон ва танзими ҳаракат дар роҳҳо дар ҳолест, ки интизор меравад раиси ҷумҳури Тоҷикистон баъди таҷлил аз ҷашни истиқлол бо сафари корӣ ба вилояти Бадахшон биравад. Ҳафтаи гузашта бархе аз намояндагони ҳукумати Бадахшон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки ин шабу рӯз ба сафари президент омодагӣ доранд.
Аммо маъракаи асосии халъи силоҳ дар Бадахшон тобистони соли 2012 сурат гирифта буд. Он замон, баъди кушта шудани Абдулло Назаров, сардори Идораи амнияти вилояти мухтори куҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ барои боздошти гумонбарон амалиёти низомӣ анҷом ёфт. Пас аз ин амалиёт телевизиони давлатӣ намоишеро аз маъракаи ихтиёрӣ супурдани силоҳ дар шаҳри Хоруғ пахш кард.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дода буд, ки даҳҳо сокин силоҳи худро ихтиёрӣ ба мақомот супурда, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шуданд.
Халъи силоҳ яке аз шартҳое буд, ки 25-уми июли соли 2012 ҳукумати Тоҷикистон пеши гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Бадахшон гузошт. Он замон бо тақозои раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 25 то 28-уми июл оташбас эълон шуд ва барои гурӯҳҳои силоҳбадаст шароит фароҳам омад, ки яроқҳояшонро супоранд.