Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон ва Мирзиёев танҳо аз иқтисод хоҳанд гуфт, ё амнияти минтақа?


Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи дувуми июн бо сафари расмӣ ба Узбекистон рафтааст. Ду кишвари ҳамсоя, ки аз солҳои навадум то 2017 муносибати сард доштанд, имсол мизони додугирифтро ба як миллиард доллар расонданиянд. Вале ончӣ дар Тоҷикистон мояи нигаронист, бахши асосии додугирифт воридоти мол аз Узбекистон хоҳад буд, на содирот ба он кишвар.

Абдуҷаббор Раҳмонзода, сафири Тоҷикистон дар Узбекистон, мегӯяд, “имзои чанд созишномаи нав дар назар аст. Мутмаинам, созишномаҳо имкон медиҳанд, ҳамкориҳо ба сатҳи баландтар расонида шаванд.”

Чаро "бизнес"-ро аз Тоҷикистон ба Узбекистон мебаранд?

Тибқи омори расмӣ, феълан дар Тоҷикистону Узбекистон беш аз 300 ширкати муштараки соҳибкорони ду кишвар фаъол будааст. Баъзе аз сармоягузорони тоҷик дар суҳбатҳои бидуни сабт пинҳон надоштанд, ки дар пайи фишорҳои молӣ водор мешаванд, тиҷорати худро ба Узбекистон “кӯчонанд”.

Содиқ Ҳоҷибоев, соҳибкор аз Суғд, дар минтақаи ҳаммарз бо Узбекистон корхонаи тавлиди гӯшти мурғро ташкил кардааст. Ӯ мегӯяд, “хӯроки мурғро аз Узбекистон мехарам. Молиёт (андоз, налог) дар Тоҷикистон баланд аст ва мақомот пайваста пардохти маблағи зиёдатӣ талаб мекунанд. Ба хулоса омадам, ки корхонаро дар қаламрави Узбекистон ташкил диҳам, беҳтар мешавад.”

Мақомоти Тоҷикистон соли гузашта бо ислоҳи қонуни молиёт гуфтанд, ки фишор ба соҳибкоронро камтар карданд. Ба бовари Абдуманнон Шералиев, иқтисоддони тоҷик, ҳеч соҳибкоре дар Тоҷикистон эҳсоси амнияти тиҷораташро надорад.

Абдуманнон Шералиев
Абдуманнон Шералиев

“Албатта, дар Узбекистон низ фишорҳо ба сари соҳибкорон ба мисли ришваситониву молиёти иловагӣ ҳаст, вале дар муқоиса бо Тоҷикистон камтар. Дар он ҷо кафолати бизнес вуҷуд дорад, ки онро давлат таъмин мекунад. Ин нуктаҳо сабаб мешаванд, ки соҳибкорони тоҷик тиҷорати худро ба Узбекистон баранд,” – шарҳ дод ӯ.

Дар моҳҳои нахустини дубора гарм шудани муносибати Душанбеву Тошканд бозорҳои Тоҷикистон аз маҳсулоти арзони узбекистонӣ, аз ҷумла тухми мурғ, саршор шуданд. Мақомот зуд монеи тавсеаи ин раванд шуда, воридоти ин маҳсулотро маҳдуд карданд.

Ҳоло низ бештаре аз маҳсулоти ниёзи мардум ба мисли молҳои нассоҷиву ашёи рӯзгор дар бозорҳои Тоҷикистон бештар истеҳсоли Узбекистон ҳастанд.

Дидор пас аз "ҳамла" ва "мушакпаронӣ" аз Афғонистон

Ба иттилои Оҷонси омори Тоҷикистон, дар чаҳор моҳи аввали имсол Душанбеву Тошканд ба маблағи 173,6 миллион доллар додугирифт кардаанд. Дар ин муддат Тоҷикистон ба Узбекистон ба тақрибан 60 миллион доллар бор бурда, ба 114 миллион доллар мол овардааст.

Ҳамин тавр, манобеи расмӣ сафари Эмомалӣ Раҳмонро ба Узбекистон бештар иқтисодӣ медонанд, вале маълум нест, раҳбарони ду кишвар дар суҳбатҳои худмонӣ ё паси дарҳои баста чӣ масоили дигареро ба баҳс хоҳанд гирифт.

Дар ҳоле ки дар як моҳи охир ду кишвар аз хоки Афғонистон “нишон” гирифта шудаанд. Тошканд ҳамларо рад кард, Душанбе афтодани чанд мушакро “тасодуфӣ” номид.

Сиёсатшинос Парвиз Муллоҷонов бовар дорад, дар Тошканд вазъи Осиёи Марказӣ ҳам баҳс хоҳад шуд, вале ба қавли ӯ, “таъмини рушди устувор ва субот дар минтақа танҳо бо талоши ду кишвар ба даст намеояд. Дар ин кор бояд кишварҳои бузург ба мисли Амрико, Чин ё Русия низ саҳм дошта бошанд.”

XS
SM
MD
LG