Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти рӯҳонии шинохта Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода


Исмоил Пирмуҳаммадзода.
Исмоил Пирмуҳаммадзода.

Рӯҳони шинохтаи тоҷик Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода субҳи 18-уми май дар сини 70 солагӣ даргузашт. Яке аз хоҳарзодаҳои Пирмуҳаммадзода ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ аз дарди дил ранҷ мебурд ва ин субҳ хабари маргашро ба онҳо расонданд. Ба гуфтаи наздиконаш, маросими ҷанозаи ӯ имруз вақти намози пешин дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Исмоил Пирмуҳаммадзода дар доираҳои динӣ, илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ҳамчун воиз ва ровӣ шинохта шуда буд. Ӯ аз соли 1991 ба ин тараф имом-хатиби Масҷиди марказии Ҳисор буд.

Ин рӯҳонӣ дар баробари фаъолиятҳои динӣ, дар чорабиниҳои фарҳангӣ низ фаъолона иштирок мекард. Бори охир, якшанбеи гузашта дар маҳфили "Боргоҳи сухан" иштирок ва суханронӣ карда буд.

Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи Иттифоқи журналистон ба номи Лоҳутӣ, Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, дорандаи медали "100-солагии матбуоти тоҷик" буд.

XS
SM
MD
LG