Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Осиёи Марказӣ танҳо "Насаф"-и Узбекистон ба 1/8 финали Лигаи қаҳрамонҳои AFC роҳ ёфт


Рақибони дастаҳое, ки ба 1/8 финали Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2022 дар минтақаи «Ғарб» роҳ ёфтанд, муайян шуданд.

Дар даври ҳаштякниҳоии мусобиқа, ки рӯзҳои 3-юм ва 4-уми феврали соли 2023 баргузор мешавад, дастаҳои зерин бо ҳам рақобат мекунанд:

  • «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) - «Шабоб Ал-Аҳлӣ» (Имороти Муттаҳидаи Араб)
  • «Ал-Шабоб» (Арабистони Саудӣ) - «Насаф» (Узбекистон)
  • «Ал-Дуҳайл» (Қатар) - «Ал-Райён» (Қатар)
  • «Ал-Файсалӣ» (Арабистони Саудӣ) - «Фулод» (Эрон)

Бозиҳои 1/8-ниҳоӣ, ба мисли чорякфинал (7-уми феврал) ва нимфинал (10-уми феврал), дар шакли мутамарказ барпо мегарданд. Барои мизбонии мусобиқа ҳар яке аз панҷ кишваре, ки намояндагонашон дар 1/8 финал бозӣ мекунанд, метавонанд довталаб шаванд.

Финали Лигаи қаҳрамонҳи АFC аз ду бозӣ иборат аст. Бозиҳо 19-ум ва 26-уми феврали соли 2023 баргузор хоҳанд шуд. Бозии аввал дар майдони бошгоҳи финалисти минтақаи «Ғарб» ва бозии ҷавобӣ дар майдони бошгоҳи финалисти минтақаи «Шарқ» доир мегарданд.

Зимнан, аз чаҳор бошгоҳи Осиёи Марказӣ - «Истиқлол»-и Тоҷикистон, «Аҳал»-и Туркманистон, «Пахтакор»-и Узбекистон, танҳо «Насаф» ба плей-оффи Лигаи қаҳрамонҳои Осиё роҳ ёфт.

«Насаф» барои 2 пирӯзӣ ва 3 мусовӣ дар бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC аллакай 130 000 доллар ба даст овард. Бар замми ин соли оянда ба суратҳисоби бошгоҳ барои иштирок дар 1/8 финал 100 000 доллар гузаронида хоҳад шуд.

Агар «Насаф» ба чорякфинал барояд, боз 150 000 доллар, дар мавриди ба нимфинал роҳ пайдо кардан боз 250 000 доллар хоҳад гирифт.

Иштирок дар финал 2 000 000 доллар ва пирӯзӣ дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC 4 000 000 доллар кафолат медиҳад.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, ки пас аз панҷ бохти паиҳам дар даври охирини мусобиқаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC дар минтақаи “Ғарб” дар гурӯҳи “А” тими “Шарҷа”-и Имороти Муттаҳидаи Арабро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод, ба маблағи 50 000 доллар ҷоизаи молӣ гирифт.

XS
SM
MD
LG