Мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон-2022 дар Бишкеки Қирғизистон ва мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон байни ҷавонон дар Еревани Арманистон баргузор мешаванд, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS).
Ба иттилои манбаъ, чунин тасмим аз ҷониби аъзои кумитаи иҷроияи FIAS рӯзи 27-уми апрел гирифта шуд.
Мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон-2022 мебоист дар Ашқободи Туркманистон ва мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон байни ҷавонон дар Панагюриштеи Булғористон баргузор мешуд. Аммо федератсияҳои миллии ин кишварҳо ба FIAS дархост фиристода, хоҳиш карданд, ки макони баргузории ин мусобиқаҳоро тағйир диҳад.
Пас аз баррасии пешниҳодҳои кишварҳои довталаб барои мизбонии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон, дархости Федератсияи самбои Қирғизистон ба овоздиҳии аъзои кумитаи иҷроияи FIAS пешниҳод шуд, ки ҷонибдорӣ пайдо кард. Мусобиқа дар Бишкек дар ҳамон муҳлате, ки қаблан ба нақша гирифта шуда буд - аз 11-ум то 13-уми ноябр - баргузор мешавад.
Дар навбати худ мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон байни ҷавонон бо қарори аъзои кумитаи иҷроияи FIAS дар пойтахти Арманистон – шаҳри Ереван - дар ҳамон санаҳои пешбинишуда - аз 14-ум то 16-уми октябр - барпо мегардад.
Қаблан Ереван ба мизбонии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо миёни устодон омодагӣ мегирифт, аммо аъзои кумитаи иҷроияи FIAS барои ба соли оянда гузаронидани ин мусобиқа овоз доданд.
Ҳамчунин баргузории мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон байни наврасон (кадетҳо), ки мебоист моҳи декабри соли ҷорӣ дар пойтахти Молдова – шаҳри Кишинёв - баргузор мешуд, то соли 2023 мавқуф гузошта шуд.