Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муроҷиати президенти Қирғизистон дар солгарди низои марзӣ бо Тоҷикистон


Содир Ҷабборов (Жапаров)
Содир Ҷабборов (Жапаров)

Содир Ҷабборов (Жапаров), раисҷумҳури Қирғизистон, дар солгарди низои хунин дар марзи кишвараш бо Тоҷикистон ба мардум муроҷиат кард.

Ӯ рӯзи 28-уми апрел гуфт, "рӯзҳои 28-30-юми апрели соли 2021 дар ёди мардум ҳамчун рӯзи маҳзункунанда ва вазнинтарин дар таърихи Қирғизистони мустақил нақш бастаанд".

Президенти Қирғизистон гуфтааст, номи низомиҳо ва сокинони кушташуда бо ҳарфҳои заррин дар таърихи кишвараш сабт мешавад. Ҷабборов ҳамчунин аз мадади сокинон, созмонҳои байнулмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ дар барқарорсозии хонаву муассисаҳои осебдида ёдовар шуд.

"Низои мусаллаҳонаи соли гузашта зарурати ҳатмии таваҷҷуҳ ба масъалаи амнияти марзро ошкор кард. Аз ин рӯ, дастгоҳҳои муосири низомӣ ва дигар таслиҳот харидорӣ шуд. Корҳо дар ин самт идома хоҳанд кард. Масъалаи қитъаҳои баҳсӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳамоно ҳалношуда мондаанд. Ҳалли онҳо аз мо дақиқкорӣ, сабурӣ ва фаъолияти пайдарҳамиро талаб мекунад. Ҳаводиси дунё нишон дод, ки масъали марз бо кишварҳои ҳамсояро танҳо бо роҳи гуфтугӯҳои сулҳомез ва эҳтироми ҳамдигар бояд ҳал кард. Дар ҳоли ҳозир кумисюни байнидавлатии ду кишвар корро идома медиҳад, пешравӣ ҳосил шудааст," -- гуфт Ҷабборов.

Рӯзҳои 28-30-юми апрели соли 2021 дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон низои мусаллаҳона рух дод, ки аз баҳси маркази тақсимоти оби "Головной" шуруъ шуда буд.

Дар натиҷаи ин низоъ аз ҷониби Тоҷикистон 19 кас кушта ва 87 кас ҷароҳат бардоштанд. Аз ҷониби Қирғизистон 154 кас захмӣ шуда, 34 кас фавтиданд.

Ду тараф якдигарро ба сар задани даргирӣ гунаҳкор карданд.

XS
SM
MD
LG