Наздик ба даҳ тоҷики муқими шаҳри Харков як ҳафта боз ба садҳо сокини маҳаллӣ ва низомиёни Украина оши палав медиҳанд. Харков аз моҳи феврал боз зери тирборони низомиёни Русия қарор дорад ва аксар сокинонаш дар паноҳгоҳҳо ба сар мебаранд.
“Гуфтем, ба халқ нону намак диҳем”
Муҳаммадраҳим Холов, тоҷики муқими Украина, ки гоҳ-гоҳ дар тӯйи тоҷикони Харков ош мепухт, ҳоло ин корро ҳар рӯз анҷом медиҳад. Вай рӯзе барои аз 1,5 то 1,7 ҳазор нафар палав таҳия мекунад.
Дар Харков, ки сохтори барқу обрасонӣ хароб шудааст, сокинон хӯроки гарм пухта наметавонанд. Гурӯҳе аз тоҷикони муқими шаҳр, ки то оғози ҷанги Русия бо Украина тиҷорат доштанд, тасмим гирифтанд, барои мардум ғизои гарм омода кунанд. Ҳавлии Муҳаммадраҳим Холов ошпазхона интихоб шуд.
Нурулло Сайдалиев, раҳбари ҷомеаи тоҷикон дар Харков, ки яке аз ташаббускорони ин иқдом аст, мегӯяд: “Хӯрок ҳаст, харида мешавад, лекин намерасад. Одам бисёр аст. Бисёре аз одамон гуруснаву ташна мондаанд. Бисёр ҷои шаҳрро бомбаборон карда, вайрон кардаанд. Барқ нест, об нест, газ нест. Дидем, ки мушкили бисёр аст, гуфтем, ба халқ нону намак диҳем.”
Видеоро инҷо бинед:
“Пешниҳод шуд, ки бароед, қабул накарданд”
Маҳсулотро тоҷирони тоҷик ва сармоядорони маҳаллӣ меоранд. Ҳазорон сокини шаҳр аз тарси бомбаборон дар паноҳгоҳҳо зиндагӣ мекунанд. Садои тир ҳанӯз шунида мешавад.
Лаҳзае, ки мо бо Муҳаммадраҳим Холов суҳбат мекардем, садои таркиш ба гӯш мерасид. Ӯ вазъро хатарнок тавсиф кард. “Хатарнок аст, чӣ кор кунем. Халқ гурусна аст, кӯдак бисёр аст. Ин корҳо аз сари мо гузаштаанд, мо медонем, ки гуруснагӣ чӣ ҳаст. Ҷанги шаҳрвандиро дар Тоҷикистон ба ёд дорем. Дуо мекунем, ки сулҳ шавад ва ба ватан равем,” -- гуфт ӯ.
Тоҷирони тоҷик пешниҳодҳоро дар бораи тарки Харков рад кардаанд. Нурулло Сайдалиев, раҳбари ҷомеаи тоҷикон, мегӯяд, “мо гуфтем, ки хатарнок аст, агар мехоҳед, бароед. Бачаҳо гуфтанд, тарк намекунем, бо мардум мемонем. Чӣ қадар аз дастамон омад, кумак мекунем.”
Вақте мо лаҳзаи ошпазии онҳоро сабт мекардем, сарбозе барои палав омад. Ӯ нахост, номашро ошкор кунад, аммо гуфт, аз тоҷиконест, ки дар Украина таваллуд шудааст ва се сол боз дар артиши ин кишвар хидмат мекунад. Вай барои ҳамяроқонаш оши тоҷикӣ мебарад.
Захира то кай мерасад?
Як сокини маҳаллӣ гуфт: “Шумо ба хонаводаҳои мо, кӯдакон, занон ва пирон хӯроки гарм додед. Хеле миннатдорем. Дар мо ҷанг аст.”
“Ин дӯстони мо аз Тоҷикистон палави хуб пухтаанд, ва ба ҳама хӯрок медиҳанд. Ташаккур бачаҳо. Саломативу сулҳ мехоҳем,” – гуфт марди дигаре, ки номашро зикр накард.
Сафи онҳое, ки барои хӯроки гарм меоянд, рӯз ба рӯз зиёд мешаванд. Захираи тоҷикон барои ошпазӣ то кай мерасад, маълум нест.
Ба иттилои расмӣ, то оғози ҳамлаи бесабаби Русия ба Украина беш аз чаҳор ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар он кишвар кору таҳсил мекарданд. Дар тақрибан ду моҳи охир ҳудуди дуним ҳазор нафари онҳо ба Лаҳистон ва кишварҳои дигари аврупоӣ рафта, беш аз чорсад кас ба ватан баргаштанд. Қисми дигар ҳанӯз дар Киеву Харков, Днепр Запорожйе ва Одесса мондаанд.