Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон шуруъ шуд


Мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон бо шаш бозӣ, ки рӯзҳои 22-23 апрел баргузор шуд, оғоз ёфт. Дар мусобиқаи имсола дувоздаҳ даста барои ду роҳхат ба лигаи олӣ мубориза мебарад.

Бозиҳо аз рӯи системи даврӣ дар ду давра доир мегардад. Дар маҷмуъ ҳар як даста 22 бозӣ анҷом медиҳад.

Дар даври аввали мусобиқа дар се бозӣ мизбонон пирӯз шуданд. «Ҳулбук»-и Восеъ «Моҳир»-и Ёвонро бо ҳисоби 5:1 шикаст дод. «Барқчӣ»-и Душанбе бар «Ваҳдат»-и шаҳри Ваҳдат бо ҳисоби 4:2 ғолиб омад. «Кӯктош»-и Рӯдакӣ бар «Гулистон»-и шаҳри Гулистон бо ҳисоби 2:1 пирӯз гашт.

Ду бозӣ бо ғалабаи меҳмонон хотима ёфт. «Ҳосилот»-и Фархор ба дарвозаи «Динамо»-и Душанбе се голи беҷавоб зад. Дастаи «Душанбе»-и шаҳри Душанбе «Сарҳадчӣ»-и Ҳамадониро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод.

Як бозӣ мусовӣ шуд. «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ бозиро бо дастаи меҳмон - «Саройкамар»-и Панҷ бо ҳисоби 1:1 ба поён расонд.

Ба ин тартиб, «Ҳулбук», «Барқчӣ», «Ҳосилот», «Душанбе» ва «Кӯктош» сеимтиёзӣ ба даст оварданд. «Панҷшер» ва «Саройкамар» якимтиёзӣ гирифтанд. Панҷ дастаи боқимонда имтиёз надоранд.

Бозиҳои даври дуюми мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон рӯзҳои 28-30 апрел баргузор мешаванд.

Даври 2-юм

28 апрел (панҷшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 17:00

«Душанбе» – «Барқчӣ»

29 апрел (ҷумъа)

«Гулистон» – «Ҳосилот»

«Ваҳдат» – «Ҳулбук»

30 апрел (шанбе)

«Саройкамар» – «Динамо»

«Моҳир» – «Панҷшер»

«Кӯктош» – «Сарҳадчӣ»

Ёдовар мешавем, соли гузашта мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон бо пирӯзии “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода ба анҷом расид. Ин даста дар 22 бозӣ 58 имтиёз гирифт. Қаҳрамони ҳафткаратаи Тоҷикистон баъди як сол боз ба лигаи олӣ баргашт.

“Равшан”-и ноҳияи Зафаробод, ки 51 имтиёз ба даст овард, дар ҷадвали мусобиқа мақоми дувумро ишғол намуд ва бори аввал соҳиби роҳхат ба лигаи олӣ гардид.

Зимнан, “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо раҳбарии Ҳикмат Фузайлов ва “Равшан”-и Зафаробод бо сарварии бародари ӯ Раҳматулло Фузайлов ба лигаи олӣ роҳхат гирифтанд.

Дастаи “Ҳосилот”-и Фархор, ки бо касби 49 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа мақоми севумро азони худ кард, барандаи медалҳои биринҷӣ шуд.

XS
SM
MD
LG