Мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон рӯзи ҷумъа, 22-юми апрел, шуруъ мешвад, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, барои ду роҳхат ба лигаи олӣ дувоздаҳ даста мубориза мебарад:
1. «Кӯктош» (Рӯдакӣ)
2. «Сарҳадчӣ» (Ҳамадонӣ)
3. «Барқчӣ» (Душанбе)
4. «Ҳулбук» (Восеъ)
5. «Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ)
6. «Динамо» (Душанбе)
7. «Ҳосилот» (Фархор)
8. «Саройкамар» (Панҷ)
9. «Моҳир» (Ёвон)
10. «Ваҳдат» (Ваҳдат)
11. «Душанбе» (Душанбе)
12. «Гулистон» (Гулистон)
Бозиҳо аз рӯи системи даврӣ дар ду давра доир мегардад. Дар маҷмуъ ҳар як даста 22 бозӣ анҷом медиҳад. Бозиҳои даври аввал рӯзҳои 22-23-юми апрел баргузор мешаванд.
Даври 1-ум
22-юми апрел (ҷумъа)
Оғози бозиҳо – соати 16:30
«Сарҳадчӣ» – «Душанбе»
«Барқчӣ» – «Ваҳдат»
«Ҳулбук» – «Моҳир»
23-юми апрел (шанбе)
«Кӯктош» – «Гулистон»
«Панҷшер» – «Саройкамар»
«Динамо» – «Ҳосилот»
Ёдовар мешавем, соли гузашта мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон бо пирӯзии “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода ба анҷом расид. Ин даста дар 22 бозӣ 58 имтиёз гирифт. Қаҳрамони ҳафткаратаи Тоҷикистон баъди як сол боз ба лигаи олӣ баргашт.
“Равшан”-и ноҳияи Зафаробод, ки 51 имтиёз ба даст овард, дар ҷадвали мусобиқа мақоми дувумро ишғол намуд ва бори аввал соҳиби роҳхат ба лигаи олӣ гардид.
Зимнан, “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо раҳбарии Ҳикмат Фузайлов ва “Равшан”-и Зафаробод бо сарварии бародари ӯ Раҳматулло Фузайлов ба лигаи олӣ роҳхат гирифтанд.
Дастаи “Ҳосилот”-и Фархор, ки бо касби 49 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа мақоми севумро азони худ кард, барандаи медалҳои биринҷӣ шуд.