Фаъолони Бадахшон ва муфаттишони Додситонии кулли Тоҷикистон 19-уми апрел дар як нишасти онлайн дар бораи ҳодисаҳои моҳи ноябри соли гузашта дар Хоруғ суҳбат кардаанд.
Хуҷамрӣ Пирназаров, сухангӯи “Комиссияи 44”, иборат аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, гуфт, ҳудуди даҳ хабарнигор дар нишаст буданд, вале маърака бе суолу ҷавоб гузашт.
Ба қавли ӯ, аз тарафи “Комиссияи 44” Фаромуз Иргашев ва аз ҷониби мақомот, раҳбари ҳайати муфаттишон Ҷамшед Мелибоев суҳбат кардаанд. “Ҷараёни нишастро Телевизиони Бадахшон ба навор гирифт,” – афзуд ӯ.
Ҷамшед Мелибоев дар бораи латукӯб шудани ёвари додситони Роштқалъа, гирдиҳамоии сокинон дар Хоруғ ва буридани 61 ниҳол ёдовар шуд. Аммо нигаронии “Комиссияи 44” аз он аст, ки дар мавриди чӣ гуна кушта шудани Гулбиддин Зиёбеков, Тӯтишо Амиршоев ва Гулназар Мародбеков ва ба ҷавобгарӣ кашидани омилони марги онҳо чизе нагуфтааст.
Ин нишаст дар ҳоле баргузор шуд, ки чанд рӯз пеш ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон дар як муроҷиатнома ба додситони кул аз бепарвоии муфаттишон ба марги се нафар ибрози нигаронӣ карда буд.
Фаромуз Иргашев, намояндаи “Комиссияи 44”, гуфтааст, ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳеч гуруҳи сиёсиро намешиносад ва барои ифшои ҷиноятҳои 25-28-уми ноябри 2021 танҳо бо мақомоти давлатӣ ҳамкорӣ хоҳад кард. Ду ҷониб ваъда додаанд, ки пас як муддати дигар боз ҳамин гуна нишаст баргузор хоҳанд кард.
Тазоҳурот дар Хоруғ 25-уми ноябри соли гузашта пас аз он сар зад, ки Гулбиддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштақалъа, ҳангоми боздошт кушта шуд. Мақомот ӯро ба ҷиноятҳои сангин ба мисли гаравгонгирӣ муттаҳам мекарданд. Тазоҳургарон гуфтанд, амалкарди мақомот худсарӣ ва истифодаи беш аз ҳадди зӯр буд.
Эътирози сокинон дар Хоруғ 28-уми ноябр ба поён расид, вале онҳо аз тарзи таҳқиқи ҳодиса норозиянд.