Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хатлон" дар мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон пешсаф аст


Дастаи “Хатлон”-и Бохтар баъди натиҷагирии даври сеюми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ, ки рӯзҳои 16-17-уми апрел доир шуд, дар ҷадвал пешсаф аст.

Футболбозони “Хатлон” дар даври сеюми мусобиқа дар майдони худ – варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Бохтар – дастаи «Эсхата»-и Хуҷандро бо ҳисоби 3:2 мағлуб намуданд. Дар ҳамин ҳол бохтариҳо бо 7 имтиёз дар ҷадвал мақоми аввалро азони худ кардаанд.

Клуби марказии варзишии артиши шаҳри Душанбе (КМВА), ки дар меҳмонӣ тими «Равшан»-и Зафарободро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод, бо 6 имтиёз дар ҷадвал ба зинаи дуюм баромад. Низомиён як бозӣ камтар анҷом додаанд.

Се даста - «Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан, “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд ва “Файзканд”-и Восеъ – чаҳоримтиёзӣ дошта, мутаносибан дар ҷойҳои 3-5-ум қарор доранд.

«Истаравшан» аз бозии даври сеюм озод буд. Бозии «Хуҷанд» бо «Файзканд», ки дар Варзишгоҳии марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуд, бо ҳисоби 0:0 хотима ёфт.

Дар бозии дигари даври сеюм дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар майдони худ аз тими «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд.

Бозиҳои даври чаҳоруми мусобиқаи лигаи олӣ рӯзҳои 23-24-уми апрел баргузор мешаванд. Рӯзи шанбе «Равшан»-и Кӯлоб бо «Равшан»-и Зафаробод ва «Истаравшан» бо «Регар-ТадАЗ» бозӣ мекунанд. Рӯзи якшанбе ду бозии дигар миёни дастаҳои «Хуҷанд» - КМВА ва «Файзканд» - «Хатлон» - баргузор мешавад.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2022

Лигаи олӣ. Даври 3-юм

«Файзканд» – «Хуҷанд» – 0:0

16-уми апрел. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 100 тамошобин.

«Регар-ТадАЗ» – «Равшан» (Кӯлоб) – 0:1

Гол: Коуасси Инносент, 37.

16-уми апрел. Турсунзода. Варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена». 860 тамошобин.

«Хатлон» – «Эсхата» – 3:2

Голҳо: Санҷар Рихсибоев, 43 (0:1). Нуриддин Ҳамроқулов, 69 (1:1). Санҷар Рихсибоев, 84 (1:2). Тони Бикатал, 88 (2:2). Парвиз Боқӣ-Охунов, 90+1 (3:2).

Аз майдон хориҷ шуд: Муҳаммадҷон Насков («Хатлон»), 77 – барои дашном додани сардовари бозӣ.

17-уми апрел. Бохтар. Варзишгоҳи «Пахтакор». 3000 тамошобин.

«Равшан» (Зафаробод) – КМВА – 0:2

Голҳо: Шарафҷон Солеҳов, 43 – аз пеналти (0:1). Шарафҷон Солеҳов, 79 (0:2).

17-уми апрел. Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ. 2200 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

«Хатлон» (Бохтар)

3

2

1

0

6-3

7

2

КМВА (Душанбе)

2

2

0

0

3-0

6

3

«Истаравшан» (Истаравшан)

2

1

1

0

5-0

4

4

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

3

1

1

1

3-1

4

5

«Файзканд» (Восеъ)

3

1

1

1

3-6

4

6

«Равшан» (Кӯлоб)

2

1

0

1

2-3

3

7

«Эсхата» (Хуҷанд)

3

1

0

2

4-6

3

8

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

3

0

1

2

2-4

1

9

«Равшан» (Зафаробод)

3

0

1

2

2-7

1

10

«Истиқлол» (Душанбе)

0

0

0

0

0-0

0

Голзанҳои пешсаф: Санҷар Рихсибоев («Эсхата») – 3 тӯб, Мбеке Сиябатчу Деудони, Отабек Зокиров (ҳарду аз «Истаравшан»), Парвиз Боқӣ-Охунов («Хатлон»), Шарафҷон Солеҳов (КМВА) – 2-тӯбӣ.

Даври 4-ум

23-юми апрел (шанбе)

Оғози бозиҳо – соати 16:30

«Равшан» (Кӯлоб) – «Равшан» (Зафаробод)

«Истаравшан» – «Регар-ТадАЗ»

24-уми апрел (якшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 16:30

«Хуҷанд» – КМВА

«Файзканд» – «Хатлон»

XS
SM
MD
LG