Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Комиссияи 44" муфаттишонро ба "хунукназарӣ" муттаҳам кард. Мақомот: "Як касро ба Хоруғ фиристодем" ВИДЕО


Аъзои "Комиссияи 44" ҳангоми хондани муроҷиатнома
Аъзои "Комиссияи 44" ҳангоми хондани муроҷиатнома

Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон муфаттишонро ба "хунукназарӣ" нисбат ба таҳқиқи марги се нафар дар ҳодисаҳои моҳи ноябри соли 2021 муттаҳам карданд.

Гап дар бораи Гулбиддин Зиёбеков, Тӯтишо Амиршоев ва Гулназар Мародбеков меравад. Аввалӣ дар ҷараёни амалиёт дар Роштқалъа ва дуи дигар ҳангоми тазоҳурот дар Хоруғ кушта шудаанд. Мақомот ба таври расмӣ вокуниш накарданд, вале баъзе аз манобеъ гуфтанд, "тафтишот бас нашудааст, ҷараён дорад".

“Се моҳ боз муаллақ мондааст”

Аъзои "Комиссияи 44", иборат аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон, рӯзи 14-уми апрел аз додситони кулли Тоҷикистон хостаанд, гуруҳи муфаттишонро аз Душанбе ба Хоруғ фиристад.

"Муносибати хунукназарона ба кори тафтишот, пеш бурдани тафтишоти яктарафа метавонад, ба оромӣ ва сулҳу суботи ҷомеа дар ВМКБ тасъири манфӣ расонад," – гуфтаанд онҳо.

Ҷаҳонгир Шанбиев, узви "Комиссияи 44", рӯзи 15-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, тафтишот се моҳ боз "муаллақ" монда, боиси нигаронии онҳо шудааст. Вай афзуд: "Дар аввал таҳқиқи парвандаҳо зери роҳбарии муфаттиши Додситонии кул, Мансур Ҳокимзода, ба хубӣ пеш мерафт. Ҳоло суст шудааст. Аъзои гуруҳи тафтишотӣ дар Бадахшон ҳузур надоранд."

Як манбаъ дар Додситонии кулли Тоҷикистон бе зикри ном рӯзи 15-уми апрел гуфт, тафтиш бас нашудааст ва се рӯз пеш як узви комиссияро ба Хоруғ фиристоданд. Хуҷамрӣ Пирназаров, сухангӯйи "Комиссияи 44", тасдиқ кард, ки "дар ҳақиқа,т як намояндаи Додситонии кул дар Хоруғ аст", аммо гуфт, "тафтишот беҳаракат мондааст".

Пас аз шикояти "Комиссияи 44" муфаттишон ба Бадахшон рафтаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:32 0:00

“Сокинонро ҷазо доданд, омилони кушторҳоро не”

Вай афзуд, мақомот то ин дам баъзе парвандаҳои вобаста ба нооромиҳоро дар Хоруғ баррасӣ карда, бархе сокинонро ҷазо доданд, аммо дар қазияи кушта шудани се нафар чизе намегӯянд.

Певистамо Абдулмуъминова, модари Гулбиддин Зиёбеков, рӯзи 15-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ҷараёни тафтиши куштори фарзандаш ҳеч дарак надорад. “Муфаттишон ҳеч вақт маро ба суҳбат даъват накарданд," – мегӯяд ӯ.

Гулбиддин Зиёбеков рӯзи 25-уми ноябри соли 2021 дар деҳаи Тавдеми Роштқалъа кушта шуд. Мақомот гуфтанд, ӯ тақрибан як сол пеш ёвари додситони ноҳияро гаравгон гирифта буд ва бо гумони гаравгонгирӣ ва барангехтани маҳалгароӣ ҷустуҷӯ мешуд, вале дар амалиёти боздошт бо силоҳ муқобилият нишон доду кушта шуд.

Баъзе аз шоҳидон мегӯянд, он рӯз дар дасти Гулбиддин Зиёбеков силоҳ надида буданд. Дар телевизиони давлатии "Бадахшон" ҳамчун далел як таппончаро бо тиру тирдонаш намоиш дода, гуфтанд, ки он ба Гулбиддин Зиёбеков тааллуқ дорад.

Кушта шудани Зиёбеков боиси тазоҳуроти чаҳоррӯза дар майдони марказии Хоруғ шуд. Эътирозгарон хоҳони боздошту муҷозоти омилони маргаш шуданд. Тазоҳурот 28-уми ноябр хотима ёфт, вале баҳсу пайомадҳои он, аз ҷумла норозигии ҷомеаи шаҳрвандӣ аз шеваи таҳқиқ ҳанӯз идома дорад.

XS
SM
MD
LG