Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз блогерон бетарафӣ дар бозтоби Украинаро талаб карданд


Расонаҳои Узбекистон.
Расонаҳои Узбекистон.

Расонаҳои давлатии Узбекистон дар бораи ҳамлаи Русия ба Украина тақрибан чизе наменависанд ва рӯзноманигорони мустақилу блогерҳо барои бозтоби он таҳти фишор қарор мегиранд.

Ба иттилои бахши узбекии Радиои Озодӣ, охири ҳафтаи гузашта чандин рӯзноманигор ва блогерро ба шуъбаи Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон даъват карда, аз "оқибатҳои навиштаҳо дар бораи ҳаводиси Украина" ҳушдор додаанд.

Яке аз ин блогерҳо ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, 28-уми феврал ба шуъбаи тафтишотии хадамот дар Тошканд даъват шуда буд. Ба гуфтаи ӯ, дар ин "суҳбат" аз вай талаб кардаанд, ки ҳодисаҳои Украинаро "бетарафона" бозтоб кунад.

"Дар Хадамоти амнияти давлатӣ гуфтанд, ки қазияи Украина хеле масъалаи нозук аст ва бинобар ин, онро бетарафона бозтоб кунед",-афзуд блогер.

Қаблан чандин рӯзноманигор ва блогери дигари узбек низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд, ки ба бозпурсӣ даъват шудаанд.

XS
SM
MD
LG