186 шаҳрванди Тоҷикистон, асосан занону кӯдаконро, ки дар пайи ҳамлаи Русия аз Украина ба Лаҳистон ё Полша паноҳ бурда буданд, шаби 10-уми март аз Варшава ба Душанбе фиристоданд.
Сафорати Тоҷикистон дар Олмон гуфт, ин афродро ҳавопаймои ширкати лаҳистонии "Enter Air" тавассути парвози чартерӣ бурд. Қарор аст, субҳи 11-уми март гуруҳе дигар аз шаҳрвандони Тоҷикистонро аз Лаҳистон ба кишвар фиристанд.
Имомуддин Сатторӣ, сафири Тоҷикистон дар Олмон, гуфт, сафари шаҳрвандон ройгон сурат мегирад. "Дар фурудгоҳ гурӯҳе аз ризокорони тоҷик бо кумаки шаҳрвандоне, ки дар Полша ба сар мебаранд, мусофиронро бо хӯроки гарм таъмин карданд. Мусофирон бе ташхиси COVID парвоз карданд ва дар фурудгоҳи Душанбе муоина хоҳанд шуд. Коргарони мо дар онҷо ҳастанд ва дар таҳияи санадҳо ба мардум мадад мекунанд," -- афзуд ӯ.
Ба иттилои сафорати Тоҷикистон дар Олмон, то 10-уми март ҳудуди 1600 шаҳрванди кишвар аз Украина ба Лаҳистону кишварҳои дигар расидаанд. Қаблан гуруҳе аз онҳо аз вазъи нигаҳдорияшон дар Лаҳистон шикоят доштанд.
Дар умум чаҳор ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Украина кору зиндагӣ ва таҳсил мекарданд. Қисме аз онҳо ҳанӯз дар дохили Украина мондаанд. Баъзе аз онҳо шикоят доранд, ки бо вуҷуди талошҳо чанд рӯз аст, ба қатору мусофирбарҳое, ки то марзи Лаҳистону кишварҳои дигари аврупоӣ мебарад, роҳ ёфта наметавонанд.
Русия рӯзи 24-уми феврали имсол бесабаб ба Украина ҳамла кард. Дар натиҷаи он, ба иттилои Созмони Милали Муттаҳид, беш аз як миллиону сесад ҳазор кас аз Украина фирор кардаанд.