Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба гуштӣ (тарзи озод, юнонию румӣ ва гуштии занона), ки рӯзҳои 19-24-уми апрел дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард.
Се паҳлавони маъруфи тоҷик – Муҳаммад Икромов (-61 кг), Шуҳрат Бозоров (-79 кг) ва Искандари Рустам (-125 кг) - дар мусобиқаи гуштии озод ҳунарнамоӣ мекунанд. Аммо Тоҷикистон дар гуштии юнонию румӣ ва гуштии занона намоянда надорад.
Чунонки Иттиҳоди ҷаҳонии гуштӣ (UWW) дар сомонааш хабар додааст, дар мусобиқоти қитъавӣ иштироки ҳудуди 300 варзишгар аз 20 кишвари қора дар назар аст.
Мусобиқот рӯзи 19-уми апрел бо рақобатҳо дар риштаи гуштии юнонию румӣ шуруъ мешавад. Рӯзҳои 21-22-юми апрел занон қувваозмоӣ хоҳанд кард. Рӯзҳои 23-24-уми апрел мусобиқа оид ба гуштии озод доир мегардад, ки дар он варзишгарони тоҷик низ ширкат меварзанд.
Зимнан, дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё Искандари Рустам дар вазни то 97 кило ду бор (солҳои 2012, 2013) медали нуқра ва ду маротиба (солҳои 2014, 2020) медали биринҷӣ гирифтааст. Муҳаммад Икромов барандаи медали нуқраи қаҳрамонии Осиё дар вазни то 61 кило (соли 2020) мебошад.
Ёдовар мешавем, соли гузашта варзишгари тоҷик Далер Ризозода дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии юнонию румӣ, ки моҳи апрел дар Алмато баргузор шуд, дар вазни то 77 кило медали нуқра ба даст овард. Ин ягона медали варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқа буд.
Вале варзишгарони тоҷик порсол дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар риштаи гуштии озод натавонистанд медал бигиранд. Аз байни онҳо танҳо Баҳодур Қодиров натиҷаи беҳтар нишон дод. Ӯ дар вазни то 86 кило ҷойи панҷумро соҳиб шуд.