Ба ронандаи автобусе, ки дар шаҳри Душанбе ҳафт мошини мусофиркаш ё таксиро зер карда буд, сабукӣ додаанд.
Блогерон аз зиндагии душвори ӯ навор пахш карданд ва бо дидани гиряҳои модари ӯ корбарон хостори кумак ба ӯ шуданд.
Автобуси мусофирбар рӯзи 2-юми апрел дар маҳаллаи наздик ба "Шаҳраки тиббӣ"-и ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе 7 таксиро пахш кард.
Ширкати мусофиркашонии “Олуча таксӣ” эълон кард, мошинҳое, ки ба ин ширкат таалуқ доранд, аз ҳисоби худ таъмир мекунад. Яъне, ронандаи гунаҳкор аз пардохти маблағи зарари расонида озод мешавад.
Дар як наворе, ки блогерон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карданд, Назар Назаров, ронандаи автобуси мусофирбари "Хатсайри 33" мегӯяд, соҳибони мошинҳои валангоршуда аз ӯ маблағи таъмири мошинҳои харобшударо талаб доранд. Вай гуфт, шароити зиндагияш бад аст ва барои таъмири мошинҳо пул надорад. Дар навор нишон дода мешавад, ки ӯ бо падару модари бемор дар хонаи иҷора зиндагӣ мекунад ва ягона ноновари хонавода аст.
Видео аз рӯзи садамаро инҷо тамошо кунед:
Бино ба нақли ронанда, ӯ дар рӯзи ҳодиса рӯзадор ва хаста буд. Лаҳзаи садама хобаш бурдааст. Мақомот гуфтанд, ки ӯро хумори нос мегирад ва автобусро идора карда наметавонад.
Ҳоло аз ӯ барои танҳо таъмири автобус, ки савораш буд, беш аз 33 ҳазор сомонӣ талаб доранд. Маблағи барқарорсозии 7 мошини харобшудаи дигар 200 000 сомонӣ ҳисоб шудааст.
Ахиран барои кӯмак ба хонаводаи ронандаи автобус маъракаи ҷамъоварии маблағ роҳандозӣ шуд ва блогерону корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ баъди огоҳ шудан аз вазъи зиндагии ӯ аз мақомот ва ронандаҳои таксӣ хоҳиш карданд, шароити ронандаро ба назар бигиранду маблағи зарари расонидаашро бубахшанд.