Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомҳои калони аврупоӣ бо қатор ба Киев мераванд


 Урсула вон дер Лейен, президенти Комиссиюни Аврупо
Урсула вон дер Лейен, президенти Комиссиюни Аврупо

Рӯзи 8-уми апрел қарор аст ду мақоми баландпояи Иттиҳоди Аврупо ба Киев рафта бо президенти Украина Владимир Зеленский мулоқот кунанд. Ин аввалин сафари мақомоти баландпояи ғарбӣ ба Украина баъди ошкор шудани кушторҳои ваҳшиёна дар шаҳри Буча мебошад, ки дар он артиши Русия муттаҳам мешавад. Урсула вон дер Лейен, президенти Комиссиюни Аврупо ва Жозеп Боррелл, дипломати калони аврупоӣ ба қаторе дар шаҳри Премишли Полша, ки 13 километр дуртар аз сарҳади Украина ҷойгир аст, нишаста ба самти Украина ҳаракат карданд. Бо сабаби ҷанг дар Украина парвозҳо ба ин кишвар қатъ шудааст.

Миёнаҳои март нахуствазирони Полша, Словения ва Ҷумҳурии Чех ҳам ба Украина тавассути қатори роҳи оҳан сафар карда буданд. Ҳафтаи гузашта президенти Парлумони Аврупо Роберта Метсола ҳам дар Киев буд.

Баъди ошкор шудани даҳҳо ҷасад дар шаҳри Буча, ки гумон меравад кори дасти низомиёни Русия мебошад, Ғарб таҳримҳои Русия тақвият дод. Кушторҳои Буча маҳкумияти байналмилалиро ба бор овард.

Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, дар Буча низомиёни рус беш аз 300 нафарро куштаву 50 нафари онҳоро эъдом кардаанд. Маскав ин иттиҳомҳоро рад мекунад. Зеленский гуфт, ки вазъ дар Бородянка – шаҳри дигари воқеъ дар шимолуғарби Киев, ки рӯзи 7-уми апрел аз дасти русҳо озод карда шуд, “назар ба Буча боз ҳам фоҷеабортар аст”.

XS
SM
MD
LG