Бо тасмими Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид сар аз соли 2014 шашуми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии варзиш барои сулҳ ва рушд таҷлил мешавад.
Варзиш ба нафъи сулҳ ва рушд муҳтавои аслии ин чорабинии байналмилалӣ буда, аҳамият ва зарурати ин навъи фаъолияти умумиинсониро барои ҳамаи мо, ҷомеа ва давлат таъкид мекунад. Тарзи ҳаёти солим, фаъолияти ҷисмонӣ ва зеҳнӣ гарави шукуфоӣ ва некуаҳволии умумии мост.
Варзиш ҳамчун яке аз воситаҳои таълим ба ҳамкорӣ, ҳамбастагӣ, таҳаммулпазирӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва фарогирии иҷтимоӣ дар сатҳи маҳаллӣ, миллӣ ва байналмилалӣ мусоидат менамояд. Арзишҳои дохилии он, аз қабили рӯҳияи дастаӣ, ростқавлӣ, интизом, эҳтиром ба рақиб ва қоидаҳои бозӣ дар саросари ҷаҳон қабул карда мешаванд ва метавонанд барои мусоидат ба ҳамбастагӣ, муттаҳидшавии иҷтимоӣ ва ҳамзистии осоишта истифода шаванд.
Кумитаи байналмилалии олимпӣ (IOC) ба он назар мекунад, ки чӣ гуна варзиш ва Бозиҳои олимпӣ одамонро дар тӯли солҳо ба ҳам овардаанд, пулҳо месозанд ва ҳамдигарфаҳмиро тақвият мебахшанд.
Кумитаи байналмилалии олимпӣ ба сифати нозири доимии СММ ин ташаббус ва иқтидори онро барои эътирофи нақши созмонҳои варзишӣ дар саҳмгузорӣ ба тағйироти иҷтимоӣ ва рушди башарият пешниҳод ва дастгирӣ намуд.
Аниқтараш, ин рӯз барои Кумитаи байналмилалии олимпӣ имкониятест, ки нишон диҳад, чӣ гуна варзишгарон ва Ҳаракати олимпӣ аз варзиш барои таҳкими сулҳ, мусолиҳа ва рушд истифода мебаранд ва қудрати Бозиҳои олимпиро барои таҳкими таҳаммулпазирӣ ва ҳамбастагӣ байни иштироккунандагон, мухлисон ва тамоми мардум дар тамоми ҷаҳон таъкид месозанд.
Томас Бах, президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ, дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин-2022, рӯзи 4-уми феврал, ба сулҳ даъват кард.
"Дар ҷаҳони нозуки мо, ки тафриқа, низоъ ва нобоварӣ дар ҳоли афзоиш аст, мо ба ҷаҳониён нишон медиҳем, ки бале, рақибони ашаддӣ будан мумкин аст ва ҳамзамон бо ҳам бояд осоишта ва эҳтиромона зиндагӣ кунем. Вазифаи Бозиҳои олимпӣ ҳамин аст: моро дар мусобиқаи осоишта ба ҳам наздик кардан. Ҳамеша пул месозем, ҳеҷ гоҳ девор намесозем. Инсониятро дар тамоми гуногуниаш муттаҳид мегардонем. Ба сулҳу осоиш имконият диҳед", — гуфт Томас Бах.
Пас аз ҳамлаи артиши Русия ба Украина дар рӯзи 24-уми феврал, даъват ба сулҳ тавассути чораҳо ва тавсияҳои Кумитаи байналмилалии олимпӣ тақвият ёфт. Томас Бах 11-уми март дар мактуби худ ба Ҳаракати олимпӣ саҳми варзиш ва Ҳаракати олимпиро ба сулҳ бори дигар шарҳ дод.
Варзиш мардуми миллату мазҳаб ва эътиқоди сиёсии гуногунро, ки ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш бетараф нестанд ва тарзи ҳаёти солим доранд, муттаҳид месозад. Тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба одамон саломатӣ, қувваю ғайрат, зебоӣ ва равшанфикрии тафаккур мебахшанд, ирода ва характери одамро ташаккул медиҳанд, ба ӯ барои бартараф намудани душворихои рӯзгор таълим медиҳанд.
Варзишгарони тоҷик низ кишвари худро дар бисёр мусобиқаҳо, аз ҷумла дар Бозиҳои олимпӣ, осиёӣ ва паралимпӣ муаррифӣ кардаанд.