Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи ҷудо дар Тошканд барои Ҷоми Осиё мубориза мебаранд


Дар мусобиқаи ҷудо барои дарёфти Ҷоми Осиё-2022 миёни наврасон ва ҷавонон (Tashkent Asian Cadet Cup & Tashkent Asian Junior Cup 2022), ки имрӯз, 5-уми апрел, дар шаҳри Тошканди Узбекистон шуруъ шуд, варзишгарони тоҷик низ ширкат меварзанд.

Ба иттилои сомонаи Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқа байни наврасон 312 варзишгар (233 мард ва 79 зан) аз 4 кишвари Осиё (Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон, инчунин аз ду кишвари Аврупо - Гурҷистон ва Озарбойҷон) иштирок доранд.

Дар мусобиқа байни ҷавонон бошад, 187 варзишгар (128 мард ва 59 зан) аз 4 кишвари қораи Осиё (Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон) ширкат хоҳанд кард.

Мусобиқа миёни наврасон рӯзҳои 5-6-уми апрел ва байни ҷавонон 7-8-уми апрел баргузор мешаванд.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон

Наврасон

-50 кг - Икром ШАМСОВ
-55 кг - Эҳсон САФАРЗОДА
-55 кг - Исмоил ХОЛБОБОЕВ
-60 кг - Муҳаммадиқбол ОХУНЗОДА
-60 кг - Ҳилол РАҲМОНОВ
-60 кг - Абдулло РУСТАМЗОДА
-66 кг - Ҳамза ШАРИФОВ
-81 кг - Ҷаҳонгир НОРОВ
-90 кг - Абдусамади ҶУМЪАЗОДА

Ҷавонон

-60 кг - Муҳаммадсолеҳ ҚУВВАТОВ
-60 кг - Абдулло САЙФУЛЛОЕВ
-60 кг - Файзулло ДАВЛАТОВ
-66 кг - Анушервон ҚУВВАТОВ
-66 кг - Фирӯзҷони МЕЛИБОЙЗОДА
-66 кг - Эмомалӣ НУРАЛӢ
-73 кг - Масъуди АҲМАДЗОД
-73 кг - Суннатулло МУСОЕВ
-73 кг - Сайфиддин БОЙМИРЗОЕВ
-73 кг - Абубакр БОҚИЕВ
-81 кг - Муҳаммадиқбол ТОШОВ
-81 кг - Суннатулло ЛОИҚОВ
-81 кг - Кароматулло МИРЗОЕВ
-81 кг - Музамир КАРИМЗОДА
-90 кг - Муҳсин МАЛАЕВ
-90 кг - Сомонӣ КИШВАРОВ
-100 кг - Мансур РАҲМОН
-100 кг - Эмомризо АНВАРЗОДА
+100 кг -мусобиқа Иброҳимҷон ЭЛМУРОДОВ

Барномаи мусобиқа


Наврасон

5-уми апрелешанбе)
Оғози рақобатҳо - 10:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 17:00
Занон: -40 кг, -44 кг, -48 кг, -52 кг
Мардон: -50 кг, -55 кг, -60 кг, -66 кг

6-уми апрел оршанбе)
Оғози рақобатҳо: 10:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 17:00
Занон: -57 кг, -63 кг, -70 кг, +70 кг
Мардон: -73 кг, -81 кг, -90 кг, +90 кг


Ҷавонон:
7-уми апрел (панҷшанбе)
Оғози рақобатҳо: 10:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 17:00
Занон: -40 кг, -44 кг, -48 кг, -52 кг
Мардон: -50 кг, -55 кг, -60 кг, -66 кг

8-уми апрелумъа)
Оғози рақобатҳо: 10:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 17:00
Занон: -57 кг,-63 кг, -70 кг, +70 кг
Мардон: -73 кг,-81 кг, -90 кг, -100 кг, +100 кг

XS
SM
MD
LG