Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеленский: "Созише дар мавриди тамомияти арзӣ сурат намегирад"


Владимир Зеленский
Владимир Зеленский

Владимир Зеленский, президенти Украина, дар шарҳи гуфтугӯҳои ахири Украина бо Русия гуфт, Киев омода аст, музокиротро давом диҳад ва ҳадафманд аст, ки онҳо натиҷаовар бошанд.

"Аммо дар мавриди истиқлол ва тамомияти арзии Украина ҳеч созише ҳосил нашуда ва нахоҳад шуд. Ин усули рӯшан, диди рӯшан ба натиҷаҳои эҳтимолӣ аст," – афзуд Зеленский.

Дар умум, ба бовари вай, аз ҷониби Русия дар гуфтугӯҳо паёмҳои мусбат садо додааст. “Аммо набояд ба изҳороти Русия дар бораи коҳиши фаъолияти низомии Русия дар самти Киев ва Чернигов бовар кард,” – илова кард президенти Украина.

Роҳбарони Амрико, Бритониё, Фаронса, Олмон ва Италия кишварҳои Ғарбро ҳушдор доданд, ки дар муносибат бо Русия фирефта нашаванд.

Ҷо Байден, раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, гуфт, то замоне ки натиҷаи гуфтаҳои Русияро набинад, ба хабарҳо бовар намекунад. Байден афзуд, Ғарб бояд муттаҳид ва дар муносибатҳо бо Русия қатъӣ бимонад.

XS
SM
MD
LG