Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе мусобиқоти қаҳрамонии дучархасавории Осиё идома дорад


Дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба велосипедронӣ ё дучархасаворӣ дар шоҳроҳ, ки 25-ум март дар Душанбе шуруъ шуд, беш аз 400 варзишгар аз 27 кишвари қора иштирок дорад.

Мусобиқа миёни наврасони то 19-сола, ҷавонони то 23-сола, бузургсолон (мардон ва занон) ва варзишгарони имконияташон маҳдуд то рӯзи 30-юми март идома хоҳад кард.

Раҳбари Иттиҳоди байналмилалии велосипедронӣ Дэвид Лапарте ва президенти Кумитаи олимпии Индонезия Раҷа Сапта Октоҳари меҳмонони фахрии ин чорабинӣ мебошанд.

Дар рӯзи аввали мусобиқот – 25-уми март - пойгаҳои дастаӣ миёни мардон ва занон, инчунин қувваозмоиҳои варзишгарони имконияташон маҳдуд барпо гардиданд.

Мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба велосипедронӣ ё дучархасаворӣ дар шоҳроҳ

Натиҷаҳои рӯзи аввали мусобиқот:

Мусобиқаи дастаӣ, мардон (24 км)
1. Қазоқистон, 0:26:48.933
2. Муғулистон, 0:27:54.310
3. Эрон, 0:28:46.576

Мусобиқаи дастаӣ, занон (24 км)
1. Узбекистон, 0:32:14.911
2. Қазоқистон, 0:32:24.015
3. Эрон, 0:34:16.647

Мусобиқа миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд
Мардҳо,
дараҷаи “TENDEM”
1. Тайланд (Сурашаӣ Ёкпҳанитчакит; Патсакорн Арунсрӣ), 0:20:23.850
2. Тайланд (Сурадет Сатҳитсатафорнчаӣ; Нопфакао Сингмолӣ), 0:21:17.097
3. Қазоқистон (Кенҷагул Сетжан; Маҳат Қодиров), 0:22:08.866

Занонон, дараҷаи “TENDEM”
1. Тайланд (Рунгарун Ратсамӣ; Типфаван Нафом), 0:24:13.093
2. Тайланд (Вассана Йимин; Канйарат Кестонгланг), 0:24:40.357

Мардон, дараҷаи С1
1. Ҳиран Зумтанаҷит (Тайланд), 0:28:56.780

Мардон, дараҷаи С2
1. Ғолиббек Мирзоёров (Узбекистон), 0:23:37.734
2. Аброр Ортиқов (Узбекистон), 0:23:50.700
3. Бунёд Ҳаитмуҳаммадов (Узбекистон), 0:24:59.314

Мардон, дараҷаи С3
1. Авазхон Полвонов (Узбекистон), 0:33:10.319

Мардон, дараҷаи С4
1. Ҷассим Зияб Ал Мҳейрӣ (Имороти Муттаҳидаи Араб), 0:22:25.181
2. Ҷумъа Салим Алҷнейбӣ (Имороти Муттаҳидаи Араб), 0:24:21.912

Мардон, дараҷаи С5
1. Маҳдӣ Муҳаммадӣ (Эрон), 0:19:55.851
2. Азимбек Абдуллоев, (Узбекистон), 0:20:39.874
3. Аҳмад Албедвавӣ (Имороти Муттаҳидаи Араб), 0:21:37.378

Занон, дараҷаи С2
1. Радҳешям Ҷйотӣ Гадерия (Ҳиндустон), 0:33:28.487

Занон, дараҷаи С4
1. Азизахон Қосимова (Узбекистон), 0:32:14.037
2. Шамбҳусингҳ Гита Рао (Ҳиндустон), 0:36:07.721

Мардон, дараҷаи Н2
1. Фонгчай Янаруедӣ (Тайланд)

Мардон, дараҷаи Н3
1. Айед Алӣ Ал Ҳбабӣ (Имороти Муттаҳидаи Араб), 0:29:02.005
2. Рашид Саид Ал Зоҳирӣ (Имороти Муттаҳидаи Араб), 0:32:00.551

Мардон, дараҷаи Н4
1. Сумас Паналай (Тайланд), 0:23:16.719
2. Анва Вае (Тайланд), 0:24:18.479
3. Прашант Аркал (Ҳиндустон), 0:28:42.433

Мардон, дараҷаи Н5
1. Танататтарит Сонгчамрат (Тайланд), 0:27:37.206

Мардон, дараҷаи Т1
1. Азиз Атохоҷаев (Узбекистон), 0:30:33.176
2. Саидҷаббор Дадахонов (Узбекистон), 0:49:17.984

Мардон, дараҷаи Т2
1. Баҳодир Одинаев (Узбекистон), 0:32:12.124
2. Крит Саомуанг (Тайланд), 0:33:42.810

Занон, дараҷаи Т2
1. Одина Ҳамдамова (Узбекистон), 0:40:36.373

Дар рӯзи дуюми мусобиқот – 26 -уми март - пойгаҳои инфиродӣ миёни духтарон дар масофаи 15 км, писарон ва ҷавонони то 23-сола дар масофаи 24 км баргузор шуд.

Дар сабқати духтарон Анна Кускова аз Узбекистон ғолиб омад. Миёни писарон Алексей Ваганов аз Қазоқистон ва миёни ҷавонони то 23-сола Аҳмад Мадан аз Баҳрайн пирӯз гаштанд.

Ду варзишгари тоҷик - Наҷибулло Рустамов миёни наврасон ва Манучеҳр Юнусов миёни ҷавонони то 23-сола дар масофаи 24 км ширкат карданд. Наҷибулло бо натиҷаи 0:35:10.864 дар байни 8 иштироккунанда ва Манучеҳр бо натиҷаи 0:32:48.407 дар миёни 12 нафар ҷойи ҳафтумро гирифтанд.


Натиҷаҳои рӯзи дуюми мусобиқот:

Мусобиқаи инфиродӣ дар алоҳидагӣ, духтарон
1. Анна Кускова (Узбекистон), 0:20:06.908
2. Даря Қазоқбой (Қазоқистон), 0:20:54.601
3. Зи Би Ҳонг Нгуйен (Ветнам), 0:21:57.063

Мусобиқаи инфиродӣ дар алоҳидагӣ, писарон
1. Алексей Ваганов (Қазоқистон), 0:31:14.415
2. Муҳаммад Дарзӣ Романдӣ (Эрон), 0:31:59.304
3. Давааҷаргал Алтангерел (Муғулистон), 0:32:08.287

Мусобиқаи инфиродӣ дар алоҳидагӣ, ҷавонони то 23-сола
1. Аҳмад Мадан (Баҳрайн), 0:29:25.502
2. Алексей Фомовский (Узбекистон), 0:30:03.362
3. Ойдин Алиёрӣ (Эрон), 0:31:05.619

Рӯзи сеюми мусобиқот – 27-уми март - пойгаҳои инфиродӣ миёни мардон, занон ва духтарони то 23-сола дар масофаи 24 км сурат гирифт.

Миёни занон ва мардон варзишгарони Қазоқистон Рината Султонова ва Евгений Фёдоров ғолиб омаданд. Миёни духтарони то 23-сола Янина Кускова аз Узбекистон пирӯз шуд.

Варзишгари тоҷик Раҳимҷон Аминов дар сабқати мардон дар масофаи 24 км бо натиҷаи 40:23.320 дар байни 11 нафар ҷойи охиринро гирифт.

Натиҷаҳои рӯзи сеюми мусобиқот:

Мусобиқаи инфиродӣ дар алоҳидагӣ, духтарон то 23-сола, 24 км
1. Янина Кускова (Узбекистон), 34:08.064
2. Бота Батирбекова (Қазоқистон), 36:40.339
3. Сафия Ал Саиғ (Имороти Муттаҳидаи Араб), 37:02.743

Мусобиқаи инфиродӣ дар алоҳидагӣ, бонувон, 24 км
1. Рината Султонова (Қазоқистон), 33:24.632
2. Делиа Приатна (Индонезия), 33:59.275
3. Солонго Тсеренлҳам (Муғулистон), 35:04.082

Мусобиқаи инфиродӣ дар алоҳидагӣ, мардҳо, 24 км
1. Евгений Федоров (Қазоқистон), 28:45.197
2. Нариюки Масуда (Ҷопон), 29:36.745
3. Муродҷон Холмуродов (Узбекистон), 29:58.291

Тақвими мусобиқаҳои рӯзҳои 28-30-юми март

28-уми март (душанбе)
Мусобиқаи инфиродии умумӣ, мардон, U-23 (130 км)
Мусобиқаи инфиродии умумӣ, мардон, ҷавонон (111 км)
Мусобиқаи инфиродии умумӣ, занон, ҷавонон (61 км)

29-уми март (сешанбе)
Мусобиқаи инфиродии умумӣ, мардҳо (175 км)
Мусобиқаи инфиродии умумӣ, занҳо (111 км)
Мусобиқаи инфиродии умумӣ, занҳо, U-23 (111 км)

30-юми март (чоршанбе)
Мусобиқаи инфиродии умумӣ, мардон, ҳаваскорон ва устодони варзиши велосипедронӣ (111 км)

XS
SM
MD
LG