Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе мусобиқаи қаҳрамонии дучархасавории Осиё оғоз ёфт


Дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба велосипедронӣ ё дучархасаворӣ дар шоҳроҳ, ки имрӯз, 25-ум март дар Душанбе шуруъ шуд, беш аз 400 варзишгар аз 27 кишвари қора иштирок дорад.

Мусобиқа миёни наврасони то 19-сола, ҷавонони то 23-сола, бузургсолон (мардон ва занон) ва варзишгарони имконияташон маҳдуд доир сурат гирифтааст. Мусобиқа аз майдони “Дӯстӣ”-и шаҳри Душанбе оғоз шуд. Варзишгарон баъди тай кардани масофаҳои муайян ба ҳамин майдон баргаштанд.

Дар пойгаи дастаӣ ба масофаи 24 километр миёни мардҳо дучархасаворони тими Қазоқистон ғолиб шуданд. Ҷойи дувумро дастаи Муғулистон гирифт. Ҷойи севум насиби тими Эрон гардид.

Дар рӯзи аввали мусобиқа, инчунин пойгаи дастаӣ миёни занон ба масофаи 24 километр, рақобатҳои инфиродӣ байни мардону занони имконияташон маҳдуд ба масофаҳои 24 ва 15 км баргузор шуд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба велосипедронӣ дар Душанбе то рӯзи 30-юми март идома хоҳад кард.

Барномаи мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ

Тоҷикистон, 25-30 марти соли 2022

25-уми март (ҷумъа)
Мусобиқаи дастаӣ, мардҳо (24 км)
Мусобиқаи дастаӣ, занҳо (24 км)
Мусобиқаи инфиродӣ, мардҳои имконияташон маҳдуд (24 км)
Мусобиқаи инфиродӣ, занҳои имконияташон маҳдуд (24 км; 15 км)

26-уми март (шанбе)
Мусобиқаи инфиродӣ, мардҳо, U-23 (24 км)
Мусобиқаи инфиродӣ, мардҳо, ҷавонон (24 км)
Мусобиқаи инфиродӣ, занҳо, ҷавонон (15 км)

27-уми март (якшанбе)
Мусобиқаи инфиродӣ, мардҳо (24 км)
Мусобиқаи инфиродӣ, занҳо (24 км)
Мусобиқаи инфиродӣ, занҳо, U-23 (24 км)

28-уми март (душанбе)
Мусобиқаи инфиродии умумӣ, мардҳо, U-23 (130 км)
Мусобиқаи инфиродии умумӣ, мардҳо, ҷавонон (111 км)
Мусобиқаи инфиродии умумӣ, занҳо, ҷавонон (61 км)

29-уми март (сешанбе)
Мусобиқаи инфиродии умумӣ, мардҳо (175 км)
Мусобиқаи инфиродии умумӣ, занҳо (111 км)
Мусобиқаи инфиродии умумӣ, занҳо, U-23 (111 км)

30-юми март (чоршанбе)

Мусобиқаи инфиродии умумӣ, мардҳо, дӯстдорон ва устодони варзиши велосипедронӣ (111 км).

XS
SM
MD
LG