Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Футболбозони тоҷик барои ширкат дар "Ҷоми Наврӯз-2022" ба Намангон мераванд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Ситоди мураббиёни мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон бо сарварии Петр Сегрт, мутахассиси хорватӣ, рӯйхати бозигаронеро, ки ба даста барои ширкат дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Наврӯз-2022» дар Намангон даъват мешаванд, эълон кард.

Дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, ба рӯйхат 25 бозигар - 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар – дохил шудаанд.

Тими миллии Тоҷикистон омодагиро ба мусобиқаи «Ҷоми Наврӯз-2022», ки рӯзҳои 25-ум ва 29-уми март дар Намангони Узбекистон баргузор мешавад, 19-уми март, дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд шуруъ кард. Футболбозони тоҷик рӯзи сешанбеи 22-юми март ба Намангон мераванд.

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар «Ҷоми Наврӯз-2022» дар Намангони Узбекистон:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду аз «Истиқлол»-и Душанбе), Далерҷон Баротов («Хуҷанд»-и Хуҷанд);

Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов, Манучеҳр Сафаров (ҳарду аз «Персеполис», Эрон), Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Узбекистон), Зоир Ҷӯрабоев («Сурхон», Узбекистон), Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов, Алиҷон Кароматуллозода (ҳама аз «Истиқлол»), Фирдавс Чақалов («Хуҷанд»), Меҳрубон Каримов («Динамо», Душанбе);

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив-Пловдив», Булғористон), Эҳсони Панҷшанбе («Навбаҳор», Узбекистон), Алишер Ҷалилов (АГМК, Узбекистон), Муҳаммадҷон Раҳимов, Ислом Зоиров, Шервонӣ Мабатшоев (ҳама аз «Истиқлол»), Кароматулло Саидов («Хуҷанд»), Алиҷони Айнӣ («Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода), Фатҳулло Олимзода («Динамо», Душанбе);

Ҳамлагарон: Шериддин Бобоев («Мактаарал», Қазоқистон), Манучеҳр Ҷалилов, Рустам Соиров (ҳарду аз «Истиқлол»), Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»).

Сармураббӣ – Петр Сегрт (Хорватия).

Дар «Ҷоми Наврӯз-2022» чаҳор дастаи мунтахаби миллӣ – Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Уганда – иштирок мекунанд.

Мусобиқа аз даври ниманиҳоӣ оғоз меёбад. Дар 1/2 финал мунтахаби Тоҷикистон 25-уми март бо тими миллии Уганда вориди рақобат мешавад. Дар бозии дигари ниманиҳоӣ ҳамон рӯз дастаҳои мунтахаби Узбекистон ва Қирғизистон рӯбарӯ хоҳанд шуд.

Ғолибони нимфинал ба финали «Ҷоми Наврӯз-2022» роҳ меёбанд, мағлубшудагон дар бозӣ барои ҷойи сеюм иштирок хоҳанд кард.

Ҳамаи бозиҳои ин мусобиқа дар варзишгоҳи бошгоҳи футболи «Навбаҳор»-и Намангон баргузор мешаванд.

Ташкилкунандаи мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Наврӯз-2022» Ассотсиатсияи футболи Узбекистон мебошад. Бо даъвати ин созмон чаҳор ҳаками футбол аз Тоҷикистон - Насрулло Кабиров ва Сайёдҷон Зайниддинов, ҳарду довари ФИФА, инчунин Вафо Қараев ва Исмоил Нуралиев, ҳарду ёварони довари ФИФА, - барои доварӣ кардани бозиҳои «Ҷоми Наврӯз-2022» ба Намангон сафар мекунанд.

Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Наврӯз-2022»

Нимфинал

25-уми март (ҷумъа)

16:00 – Уганда – Тоҷикистон

20:00 – Узбекистон – Қирғизистон

29-уми март (сешанбе)

16:00 – Бозӣ барои ҷойи сеюм

20:00 – Финал

Эзоҳ: Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Намангон баргузор мешаванд.

XS
SM
MD
LG