Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот гуфтанд, интернет ба Бадахшон "бармегардад", вале бо як шарт. САДО


Шаҳри Хоруғ моҳи ноябри соли 2021 шоҳиди тазоҳуроту нооромӣ шуд.
Шаҳри Хоруғ моҳи ноябри соли 2021 шоҳиди тазоҳуроту нооромӣ шуд.

Мақомоти расмӣ мегӯянд, аз рӯзи 21-уми март дастрасӣ ба интернет дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон пурра барқарор мешавад. Сокинони ин вилоят дар шарқи Тоҷикистон, баъди тазоҳуроту нооромиҳои моҳи ноябри соли гузашта аз дастрасӣ ба интернет маҳрум буданд.

Ғолиб Ниятбеков, сухангӯи ҳукумати вилояти Бадахшон ба Радиои Озодӣ гуфт, бо қарори Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ аз рӯзи 21-уми март дастрасӣ ба интернет дар вилоят барқарор мешавад. Айни замон ӯ гуфт: “Агар аз тарафи ягон кас туҳмат, гапҳои беасос нисбати ҳукумат ё роҳбарияти вилоят, ё кормандони мақомот инъикос мегардад, агар беасос бошад албатта чораҷӯӣ карда мешавад, ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.”

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:10 0:00
Линки мустақим

Бино ба гузориши телевизиони маҳаллии Бадахшон, раиси вилоят Алишер Мирзонабот рӯзи 18-уми март зимни ҷаласае гуфтааст, “бо сабабҳои вазъи пешомада дар моҳи ноябр дар ноҳияи Роштқалъа ва шаҳри Хоруғ ва баҳри тоза нигоҳ доштани авзои иттилоотӣ муваққатан шабакаи интернет дар ҳудуди вилоят қатъ гардид.”

Рӯзи 25-уми ноябри соли гузашта Гулбиддин Зиёбеков, як сокини ноҳияи Роштқалъа ҳангоми амалиёти мақомот ба ҳалокат расид. Гуруҳе аз сокинони Роштқалъа ҷасади ӯро ба назди бинои ҳукумати ВМКБ оварда, чаҳор рӯз тазоҳурот карданд. Мақомот аз он вақт то имрӯз дастрасӣ ба интернет дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон қатъ карданд. Ин кор норозигии сокинони вилоят ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқро ба миён овард.

Аз ҷумла Мишел Бачелет, Комиссари Олии Ҳуқуқи Башари Созмони Милал ҳафтаи гузашта аз маҳрум будани сокинони вилоят аз интернет ибрози таассуф кард. Ӯ гуфт, “чунин бархӯрд нақзи ошкори ҳуқуқи инсон аст."

Сафорати Амрико дар Душанбе ҳам рӯзи 16-уми март аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ки дастрасии пурраи мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ба интернет таъмин кунад.

XS
SM
MD
LG