Нашрияи "The New York Times" бо истинод ба маълумоти иктишофҳои Амрико навиштааст, ки аз оғози ҳамлаи мусаллаҳона ба хоки Украина то ба ҳол беш аз ҳафт ҳазор низомии Русия кушта шудааст.
Ба иттилои нашрия, ҳамчунин аз 14 то 21 ҳазор низомии дигари рус захмӣ шудаанд. Ҷамъан Русия ба ҷанг алайҳи Украина то 150 ҳазор сарбозро сафарбар кардааст, менависад "The New York Times".
Манбаъҳои нашрия гуфтаанд, ки ин маълумот дар бораи талафоти артиши Русия тахминӣ ва дар асоси сарчашмаҳои боз, аз ҷумла Вазорати дифои Украина ва аксҳои моҳвораӣ гирифта шудааст.
Намояндагони Вазорати дифои Амрико мегӯянд, шумори зиёди кушташудаҳо эҳтимол дорад, ба руҳияи низомиёни Русия, ки як қисмашон намедонанд, чаро бо Украина меҷанганд, таъсир расонад.
Мақомоти Украина гуфтанд, Русия аз оғози ҳамла ба хоки ин кишвар то ҳол ҳудуди 14 ҳазор сарбозро аз даст дод. Вазорати дифои Русия дар навбати худ шумори сарбозони кушташудаи Украинаро беш аз 18 ҳазор хонд.
Русия 24-уми феврал ҳамла ба Украинаро оғоз кардааст.