Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия Ҷо Байден ва чанд мансабдори дигари амрикоиро таҳрим кард


Русия эълон кард, ки Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико ва бархе мақомоти баландпояи ин кишвар, аз ҷумла Энтони Блинкен, вазири хориҷӣ ва Ллойд Остин, вазири дифои ИМА-ро таҳрим кард.

Дар миёни мақомот ва шаҳрвандони амрикоие, ки рӯзи сешанбеи 15-уми март аз сӯи Русия таҳрим шуданд, номи Ҳантер Байден, фарзанди Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико, Ҳиллари Клинтон, собиқи вазири хориҷӣ, Виллям Бурнс, раиси Истихбороти марказии Амрико ва Ҷен Псаки, сухангӯи Кохи Сафед низ дида мешаванд.

Бар асоси таҳримҳои Маскав, амволи ин афрод дар Русия масдуд шуда ва иҷозаи вуруд ба хоки Русияро нахоҳанд дошт.

Ин таҳримҳо дар вокуниш ба таҳрими Путин ва гурӯҳе аз мақомот ва олигархҳои Русия аз сӯи Амрико бинобар ҳамлаи низомии ин кишвар ба Украина анҷом шудааст.

Вазорати корҳои хориҷии Русия низ рӯзи сешанбе эълон кард, ки бо вуҷуди таҳрими мақомоти амрикоӣ, канали тамос ва музокироти мақомоти рус бо афроди таҳримшуда боз аст. Вазорати корҳои хориҷии Русия ҳамчунин гуфт, ки дар ояндаи наздик таҳримҳои бештар алайҳи Амрико эълон хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG