Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гулсифат Шаҳидӣ: "Хостам чеҳраи воқеии тоҷиконро нишон диҳам"


Гулсифат Шаҳидӣ.
Гулсифат Шаҳидӣ.

Гулсифат Шаҳидӣ, нависанда ва журналисти тоҷики муқими Маскаву Лондон мехоҳад, хонандагонаш бештар тоҷикзабонон бошанд. Ӯ барои рӯнамоии китоби навбатияш бо забони тоҷикӣ зери номи "Афсонаҳои Гулсифат-бибиҷон", ба Тоҷикистон омад.

Гулсифат Шаҳидӣ, ҳамсари оҳангсози маъруфи тоҷик Толиб Шаҳидӣ ва модари продюсери шинохта Табриз Шаҳидӣ, соли 1955 дар шаҳри Ленинград (Санкт-Петербурги кунунӣ)-и Русия ба дунё омада, риштаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Ӯ асосан ба забони русӣ менависад ва намунаҳои эҷодиёташ дар маҷаллаҳои адабии Тоҷикистону Русия ҳам ба нашр расидаанд. Хонум Шаҳидӣ, ки барои ду ҳафта дар Тоҷикистон аст, бо Радиои Озодӣ дар бораи чанд паҳлуи кору зиндагияш суҳбат кард.

Радиои Озодӣ: Шумо дар муддати панҷ-шаш соли охир хеле пурмаҳсул кор мекунед, асарҳои шумо соле чандин бор дар нашриёти берун аз Тоҷикистон нашр мешаванд. Ин асарҳоро шумо дар фурсати кӯтоҳ менависед ваё инҳо давоми солҳои зиёд интизори нашр дар компютератон буданд?​

Гулсифат Шаҳидӣ: Ман пеш аз ҳама журналист ҳастам ва кори асосии ман ҳам хабарнигорӣ буд. Дар шабакаи радиову телевизиони "Мир" кор карда, баъдан ба ҳайси муҳаррир фаъолият доштам ва як муддат ин таҷрибаро дар Маскав ҳам идома додам. Ҳар кадоми мо медонем, ки дар ҷараёни фаъолияти хабарнигорӣ инсон як бағоҷ (бойгонӣ РО) пайдо мекунад, ин ҳам бағоҷи хеле бузург аст. Ман қаблан танҳо дар бораи оила фикр мекардам, кор мекардам, менавиштам. Азбаски журналист будам, китоб наменавиштам. Вале чизҳои хурде мисли ҳикояҳоро навишта мемондам ва гоҳе чоп ҳам мешуд. Вақте бачаҳоям бузург шуданду таҳсил карда ба зиндагии мустақилона қадам гузоштанд, шавҳарам низ як нафари шинохта шуд, ба худ гуфтам, ки акнун навбати ман аст. Яъне барои навиштани китоб ҳеҷ вақт дер намешавад.

Радиои Озодӣ: Аввалин китобатон кай нашр шуд?

Гулсифат Шаҳидӣ: Медонед, аввалин китобамро дар синни 60-солагӣ нашр кардам. Ин китоби "Шаҳри ормонҳои сабз" аст. Нашри ин китоб барои ман як таккон буд. Баъди бо забони англисӣ руи чоп омадани ин асар, онро ба озмуни "Авроосиёи Боз" - ҳамоиши китоби Осиёи Марказӣ дар соли 2015 пешниҳод карданд ва барандаи ҷоиза шудам. Баъди ин ба худам гуфтам, ки яъне ман навишта метавонам.

Радиои Озодӣ: Чаро бештар асарҳоятонро бо забони русӣ менависед?

Гулсифат Шаҳидӣ: Замоне, ки мо ба Маскав кӯчидем ва як ҳамсоя доштем. Ҳар чизи баде, ки дар назди хона мешуд, мегуфт ки "ин кори тоҷикҳо аст". Рӯзе ба он зан гуфтам, ки ман ҳам тоҷик ҳастам, вале ӯ бовар накард. Ба ӯ фаҳмонидам, ки ҷавонҳои муҳоҷир вақте ҷои кор надоранд, ба инҷо меоянд. Вале онҳо ҳар чизи бадеро, ки медиданд, ба тоҷикҳо марбут медонистанд, дар ҳоле, ки муҳоҷирон ба Русия аз тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ меоянд, вале ҳамаро тоҷик мегуфтанд. Чаро, намемонам. Баъдан ба он зан китобамро додаму гуфтам, ки "инро хон". Вақте вай пурсид, ки "инро ки навиштааст?", дар ҷавоб гуфтам, ки ман. Аз ҳамон вақт фикр кардам, ки ман бояд бо забони русӣ нависам ва бигзор донанд, ки мо чӣ қадар миллату мардуми бузурге дорем. Чӣ қадар нависандаҳое дорем, ки номи бузург доранд. Ба ин зан гуфтам, ки ҳар сол як китоб менависам, то ту хонӣ. Хостам зиёд не, аммо ҳадди ақал чеҳраи воқеии миллату мардуми тоҷикро ба русҳо нишон диҳам.

Шаҳидӣ: "Хостам чеҳраи воқеии миллати тоҷикро ба русҳо нишон диҳам"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:25 0:00

Радиои Озодӣ: Жанри асарҳои шумо мухталиф ҳастанд -- шумо дар китобҳое, ки соҳиби ҷоиза шуданд, аз паёмадҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар зиндагии сокинони оддии Душанбе нақл мекунед ва инак китоби афсонаҳоро муаррифӣ кардед. Барои шумо ҳамаи ин жанрҳо осон даст медиҳанд?

Гулсифат Шаҳидӣ: Бале, ман як роман дорам, ҳоло романи дигари тахайюлиро навишта истодаам. Се повест, як китоби ҳикояҳои ҳаҷвӣ ва китоби афсонаҳоро эҷод кардам. Як рӯз писарам аз ман пурсид, ки "модар, шумо барои набераатон афсонаҳои худатонро нақл мекардед?" Гуфтам, бале. Ман барои набераҳоям афсона мегуфтам. Вақте писарам гуфт, ки "чаро шумо афсонаҳоятонро китоб намекунед?". Дар он шабурӯз ман саргарми навиштани романи "Офтобхон" будам ва гоҳҳо зиёд хаста мешудам. Баъдан байни ҳар як боб, як афсона менавиштам. Ҳамин тавр даҳ боби роман нӯҳ афсона шуд. Вақте ба бачаҳо писанд омад, хостам онро нашр кунам. Соли гузашта фикр мекардам, ки романам ҷоиза мегирад, вале ногаҳонӣ китоби афсонаҳоям дар Лондон ҷоизаи солро сазовор шуд.

Радиои Озодӣ: Дар Тоҷикистон масъалаи ба китобхонӣ одат кунонидани мактабиёну кӯдакон хеле ҷиддӣ аст. Шумо бо ин андеша розӣ ҳастед, ки мардуми тоҷик дигар китобхон нест?

Гулсифат Шаҳидӣ: Медонед, вақт довар аст. Вале барои ба китобхонӣ одат кунонидани бачаҳо фазои хона муҳимтар аст. Агар дар хона падару модар китоб хонанд, бачаҳо ҳам китоб мехонанд. Ман дар хонаи падарам бузург шудам, ки ҳоло аз ҳамин ҷо бо шумо сӯҳбат дорам. Дар ин хона мо китобхона доштем, ки 200 ҷилд асарҳои адабиёти ҷаҳон буд ва мо онҳоро мехондем. Ҳоло роҳҳои аз тариқи электронӣ хондани китоб ҳам вуҷуд дорад. Аммо мушкил ин аст, ки ҳоло нашри китоб ва фурӯши он дар кишвар гарон аст, вале ман умед мекунам ин рӯзҳо ҳам мегузарад.

Радиои Озодӣ: Шумо ҳамсари оҳангсози маъруф ва модари писарҳои боистеъдод ҳастед, ки овозаи ҳунар ва муваффақиятҳояшон дар арсаи мусиқиву тиҷорат аз Маскаву Лондон мерасад. Воқеан ҳам маблағгузории тарҳҳои шумо - яъне нашри китобҳоро писаронатон ба дӯш доранд?

Гулсифат Шаҳидӣ: Албатта. Ман фақат мегӯям, ки дунё мисли чархофалак аст. Ман дар вақташ барои бачаҳоям ҳама корро кардам, чизеро дареғ надоштам ва талош кардам онҳо ҳам инро ёд гиранд. Ҳоло, Худоро шукр, ки онҳо ин корро мекунанд, аммо ман дар бораи бачаҳоям бисёр суҳбат намекунам ва фақат мегӯям ки онҳо бо меҳнати худашон муваффақ шуданд ва бигзор дар ин бора худашон суҳбат кунанд.

Радиои Озодӣ: Онҳое, ки шуморо мешиносанд, мегӯянд, шумо як зан ва модари хушбахт ҳастед. Оё дарси махсуси хушбахт шудан дар оила барои як занро медонед? Чӣ бояд кард, ки занро ба унвони ҳамсар ва модар рӯи даст бигиранд, хоҳишҳояшро иҷро кунанд?

Гулсифат Шаҳидӣ: Медонед, одам барои хушбахт шудан бояд худаш меҳнат кунад. Ман падар ва дар умум оилаи хуб доштам ва онҳо зиёд кушиш мекарданд, ки мо дар зиндагӣ муваффақ бошем. Ин ҳама барои ман дарс шуду ман ба фарзандонам омӯхтам. Мо хеле зиёд меҳнат кардем. Вақте ман шавҳар кардам, ӯ тоза аз хизмати аскарӣ бозгашта буд ва мо чизе надоштем. На хона, на пул ва на чизи дигар, хона ба хона иҷора менишастем. Ҳарчанд бисёриҳо мегуфтанд, ки "онҳо чизе надоранд", падару модарам мехостанд кӯмакамон кунанд, аммо ман мегуфтам, ки мо кор мекунем ва ҳамаашро меёбем. Ҳамин тавр ҳам шуд. Мо меҳнати зиёд кардем ва ҳамаашро ёфтему то ин ҷо расидем. Занҳои тоҷик нерӯи хеле бузурге доранд, мисле, ки ман дар 60-солагӣ ба китобнависӣ шуруъ кардам. Онҳо низ метавонанд.

XS
SM
MD
LG