Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи дору гарон шуду "кишт дар нимароҳ монд". Хатари камҳосилӣ дар Тоҷикистон. ВИДЕО


Деҳқонҳои тоҷик аз гарон шудани нархи доруи замин нигаронанд
Деҳқонҳои тоҷик аз гарон шудани нархи доруи замин нигаронанд

Тақрибан панҷоҳ дарсад гарон шудани нархи нуриҳои минералӣ дар Тоҷикистон деҳқонҳоро ба ташвиш овардааст. Арзиши як халта амофоска, карбамид, селитра ва нистраамофоска аз 300 сомонии соли гузашта то 500 сомонӣ боло рафт. Кишоварзон аз манотиқи гуногуни кишвар ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ба ин сабаб кишти имсола дар нимароҳ мондааст. Эҳтимол ин вазъ нархи маҳсулоти кишоварзиро ҳам ба маротиб боло барад.

“Кишти гандуму сабзиро камтар кардем”

Деҳқонони тоҷик имсол ба серҳосилии заминҳои худ умед надоранд. Онҳо дар харидани нуриҳои кимиёӣ ноилоҷ мондаанд. Комилҷон Самадов, деҳқони ботаҷриба, мегӯяд, акнун харҷи деҳқон ба дахлаш ҳатто баробар нахоҳад шуд.

“Мо ҳар сол 7-8 гектар гандум, 4-5 гектар пиёз, то 2 гектар сабзӣ ва то 14 гектар ҷуворимакка мекоштем. Имсол то ба як гектар поин овардем. Азбаски доруи замин гарон шуд. Ба фикр фурӯ рафтем, ки агар сарфи зиёд кунем, баъд аз ҳосилаш рӯёнида метавонем ё не,” – гуфт Комилҷон Самадов.

Мирқобил Ҳакимов, деҳқони дигар аз Суғд ҳам айни мушкилро дорад. Ӯ гуфт: “Дору гарон шуд, имсол камтар пошида истодаем. Агар ҳарсол 500 кило мепошидем, имсол фақат 200 кило пошидему бас”.

Асалӣ Раҳимов
Асалӣ Раҳимов

Деҳқонони вилояти Хатлон бо орзуи онки мумкин аст нархи дорувори кишоварзӣ боз поин мешавад, имсол киштро мисли солҳои қаблӣ зиёд кардаанд. Асалӣ Раҳимов 30 сол боз кишоварзӣ мекунад ва дар бештар аз 100 гектар замин кишт кардааст. Вале ҳоло бо паст нашудани нархи нуриҳои минералӣ роҳи дигари берун шудан аз ин вазъро ҷустуҷӯ дорад.

“Мо заминро гирифтем ва гандумро коштем. Акнун зӯрамон ба харидани дору намерасад. Маҷбурем, аз бонк қарз гирем. Баъд дору гирифта медиҳем. Доруҳо то 470 сомонӣ гарон шудаанд,” – мегӯяд Асалӣ Раҳимов.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Доруҳо гарон шуданд, деҳқонон ночор мондаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:51 0:00

Сабаб чист?

Нуриҳои минералиро аз Узбекистон, Русия, Қазоқистону Туркманистон меоранд. Гуфта мешавад, дар он ҷо нарх чандон гарон нашудааст, вале фурӯшандагон шарҳ дода натавонистанд, ки чаро дар Тоҷикистон афзуд.

Бобоҷон Домуллоев
Бобоҷон Домуллоев

Коршинос Бобоҷон Домуллоев гуфт: “Асосан нуриҳои азотӣ гарон шуд, чунки дар бозори ҷаҳонӣ нархи гази табиӣ боло рафт. Русия ва Узбекистон содироти нуриҳои азотиро то 1-уми июни имсол манъ кардаанд. Акнун деҳқонони мо маҷбуранд, фақат захираҳои мавҷударо истифода кунанд.”

Бархеи дгар якбора боло рафтани нархи нуриҳои кимиёиро ба бемории ҳамагир ва кам шудани истеҳсоли нуриҳо дар хорича пайванд медиҳанд.

Бино бар омори Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, хоҷагиҳои деҳқонии кишвар ба беш аз ним миллион тонна нурӣ ниёз доранд. “Хокҳои Тоҷикистон хокистарранг ҳастанд ва нисбат ба хоки сиёҳ ҳосилхезиашон пасттар аст. Бинобар ин, барои ҳосили фаровон рӯёнидан, бояд аз нуриҳои минералӣ истифода бурда шавад,” – мегӯяд Бобоҷон Домуллоев.

Замоне коргоҳи тавлиди нуриҳои азотии "Вахш", воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон, фаъол буд, вале баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ он аз кор монд. Ҳоло инттизор меравад, кори он сар шавад. Маълум нест, кай маҳсулоти он вориди бозор мешавад, аммо аз ҳоло чашми ҳама ба сӯи он чор аст.

Дар кишварҳои пешрафта ба истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ёрона (субсидия) ҷудо карда мешавад. Вале ба гуфтаи деҳқонони Тоҷикистон онҳо то ҳол чунин имкониятро надоранд. Бо ин вазъ истеҳсолкунандагону деҳқонон маҷбуранд, маҳсулоти худро имсол гаронтар фурӯшанд, то фоида ба даст оранд. Яъне нархҳо барои ҳама боз болотар хоҳанд рафт.

XS
SM
MD
LG