Бо расидани фасли баҳор ташвишҳои Тошмурод Муродов дубора зиёд шуд. Муродов дар қатори садҳо деҳқони тоҷик ин шабу рӯз дар тараддуди кишти замин аст. Ин деҳқони таҷрибадор мегӯяд, мушкили аслии ӯ ва дигар ҳамтоёнаш ҳоло танҳо набуди маблағи зарурӣ барои анҷом корҳои баҳорӣ аст.
Истеҳсолкунандагони маводи ниёзи аввали мардум дар Тоҷикистон мегӯянд, ки бо таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ онҳоро ба ҳоли худ гузоштанд ва дар лаҳзаҳои мушкил касе ҳам ба додашон намерасад.
"Деҳқон ҳамон пули сарфкардашро дубора ҷамъ мекунад"
Кишоварзӣ, ки аз замони шӯравӣ бахши муҳими иқтисоди Тоҷикистонро ташкил медиҳад, ҳамзамон як бахши пурмушкил васеъхарҷу камдаромад боқӣ мемонад.
Тошмурод Муродов 60-сол дошта, аз ин 42 солашро сарфи деҳқонӣ кардааст. Ӯ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд 15 гектар замин дошта, ба кишти пахта ва чормағзи заминӣ машғул аст. Мегӯяд, набуди машғулияти дигар ӯ ва аксари ҳамдеҳагонашро ба сари замин овард, ҳарчанд ба гуфтаи худаш даромадашон аз ин кор баланд нест. Тошмурод Муродов мегӯяд, дар ин шабу рӯз аксари деҳқонон барои кишт шадидан ба маблағ ниёз доранд, вале аз ҷое кӯмак намегиранд.
Ба қавли ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, дар шароити имрӯз барои кишти ҳар гектар замин ҳудуди 1,5 ҳазор сомонӣ (тахминана 170 доллар) маблағ зарур аст, ки на ҳамаи деҳқонон онро дар ихтиёр доранд. "Барои омода кардан ба кишт, аз ҷумла шудгор ва ҳамвор кардани ҳар гектар замин 590 сомонӣ, барои тухмӣ 500 сомонӣ ва ҳаққи коркарди трактор 150 сомонӣ маблағ зарур аст",-афзуд ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ.
Тошмурод Муродов мегӯяд, хароҷоти деҳқон бо ин хатм намешавад ва барои парвариши ҳар гектар зироате ба мисли пахта давоми сол боз на кам аз 3 ҳазор сомонии дигар маблағ сарф кунанд. Аммо ин деҳқони тоҷик мегӯяд, бо ин хароҷот агар ҳосил хуб шавад, фоида мегиранд, дар акси ҳол корашон бо зарар анҷом меёбад.
"Агар мо аз 35 сентнер боло ҳосил гирем, пас аз кишти кардаамон даромад мегирем, дар акси ҳол даромаде нест. Солҳои қабл агар аз 20 сентнер зиёдтар ҳосил ба даст меомад, деҳқон метавонист фоида ба даст орад, чун нархи сӯзишворӣ ва нуриҳои минералӣ хеле арзон буд. Хулоса, деҳқон фақат пулҳояшро майда-майда дар замин мепартояду тирамоҳ омада, пулҳои партофтаи худро мегирад. Фоидаи деҳқон ҳам агар шавад аз 10-15 фоиз зиёд нест",-мегӯяд Тошмурод Муродов.
Муродов мегӯяд, аксар ҳамтоёни ӯ маблағ барои хароҷоти заминро аз ҳисоби фурӯши чорвои хонагӣ ва ё фурӯши ҳосили соли гузашта ба даст меоранд. Дар ҳолати набуди ин имконият, деҳқонон рӯйи ниёз ба дари бонкҳо меоранд.
"Аз ночорӣ ба замин дона мепартоем"
Вале ин ҷо мушкили аслии дигар шурӯъ мешавад. Масъулини бонкҳои Тоҷикистон мегӯянд, бе ягон мушкил омодаанд ба кишоварзон қарз бидиҳанд. Аммо деҳқонон мегӯянд, фоизи қарзи бонкҳо барои кишоварзон хеле баланд аст.
Аксар ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ аз ҳисоби деҳқонон мегӯянд, чанд соли ахир аз ночорӣ ба замин дона мепошанд. Зеро агар аз бонк маблағ гиранд, маҷбуранд фоидаи ҳосилро ҳамчун фоиз ба бонк супоранд. Агар маблағ нагиранд, наметавонанд ба замин озуқаи зарурӣ бидиҳанд ва аз ин ҳисоб ҳосили дилхоҳ низ ба даст оварда намешавад. Фоизи қарзҳои бонкӣ барои кишоварзон ҳоло дар кишвар аз 26 то 40 фоиз ва аз он ҳам бештар мебошад.
Мақомот: "Кӯмак мерасонем, аммо на ба ҳама"
Бо назардошти кишвари аграрӣ будани Тоҷикистон, кишоварзӣ яке аз чархаҳои аслии иқтисоди кишвар гуфта мешавад. Дар солҳои мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ ва солҳои аввали истиқлолият, давлат хоҷагиҳои деҳқониро бо маводи ниёзи аввал, аз ҷумла сӯзишворӣ ва нуриҳои минералӣ таъмин мекард ва дар иваз аз онҳо маҳсулот мегирифт.
Бо таҷдиди хоҷагиҳо, деҳқонон аз ин имконият маҳрум шуданд ва ба дари сармоягузорон рафтанд. Аммо ҳамкории деҳқонон бо ширкатҳои фючерӣ низ зиёд идома накард ва то соли 2009 деҳқонон аз ин ширкатҳо ҳудуди 400 миллион доллар қарздор шуданд. Моҳи июни ҳамон сол президенти Тоҷикистон ин қарзҳоро бекор кард ва деҳқонони пахтакор аз тобеияти ширкатҳои фючерӣ озод шуданд. Баъди ин деҳқонон маҷбур шуданд хароҷот барои парвариши зироатро мустақилона пайдо кунанд.
Масъулини Вазорати кишоварзӣ тасдиқ мекунанд, ки дасташон барои кӯмаки деҳқонон кӯтоҳӣ мекунад ва деҳқонон бояд худашон мушкилашонро ҳал кунанд. Абдурасул Қурбонов, як масъули Шӯъбаи сиёсати аграрӣ ва дастгирии бахши хусусии Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, онҳо тариқи баъзе лоиҳаҳо ба деҳқонон кӯмак мерасонанд.
Аммо ба қавли ҷаноби Қурбонов, кӯмакҳои онҳо дар доираи лоиҳаҳо маҳдуд аст ва на ба ҳамаи деҳқонон мерасад. "Дар робита ба ин ба хоҷагиҳои деҳқонӣ дар доираи имкониятҳо кӯмак расонда мешавад. Дигар инки Вазорати кишоварзӣ тамоми кӯшишҳоро ба он равона мекунанд, ки барои рушди соҳа сармоя ҷалб кунад",-афзуд Абдурасул Қурбонов.
Масъулини Вазорати кишоварзӣ мегӯянд, будҷаи кишвар қудрати кӯмак ба кишоварзонро надорад. Аз ҷумла, ба қавли масъулин, то соли 2011 аз будҷаи кишвар барои дастгирии хоҷагиҳои кишоварзӣ солона то 20 миллион доллар қарзи имтиёзнок ҷудо мешуд.
Коршинос: "Деҳқон бояд худ ба фикри ҳалли мушкилаш бошад"
Коршиносон мегӯянд, бетаваҷҷуҳии давлат ба соҳаи кишоварзӣ метавонанд ба иқтисоди кишвар бо зарарҳои гарон бианҷомад. Таҳлилгарони умури кишоварзӣ мегӯянд, бо додани замин ба деҳқон набояд ӯро ба ҳоли худ гузошт ва давлат барои кӯмак ба деҳқонон бояд қадамҳои ҷиддитар бардорад.
Ваҳҳоб Воҳидов, собиқ Вазири кишоварзии Тоҷикистон ва яке аз таҳлилгарони соҳа мегӯяд, ёрии давлат ба кишоварзон хеле кам аст.
Тибқи маълумоти ахири Вазорати кишоварзӣ, ҳоло дар кишвар беш аз 170 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият мекунанд. Мақомот мегӯянд, ки ҳудуди 95 дарсади хоҷагиҳои деҳқонӣ худмаблағгузор мебошанд.
Кишоварзӣ, ки аз замони шӯравӣ бахши муҳими иқтисоди Тоҷикистонро ташкил медиҳад, ҳамзамон як бахши пурмушкил васеъхарҷу камдаромад боқӣ мемонад. Деҳқонони зиёд бо ҳамин сабаб тарки пеша карда бо сабаби камбуди имкони шуғл ба муҳоҷирати корӣ мераванд, вале онҳое, ки аз касби худ даст накашидаанд, мушкилотеро, ки доранд, танҳо пушти сар мекунанд.