Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорат аз пешрафт мегӯяд, вале деҳқон тарки замин мекунад. Чаро?


Дар ҳоле, ки раҳбарияти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон кори деҳқониро дар кишвар фоидаовар меномад, бархе деқонон мегӯянд нагирифтани суд аз деҳқонӣ боиси он гардид, ки ё роҳи муҳоҷирати меҳнатиро пеш гиранд ё аз замин даст кашанд.

Абдулло Шарофов, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ки то ду сол пеш ба деҳқонӣ машғул буд, ахиран ба хулосае омадааст, ки барои беҳбудии зиндагияш беҳтар аст, ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия равад. Ӯ рӯзи 15 июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар беш аз як гектар гандуму ҷуворимакка мекорад, вале баъди ҷамъоварии ҳосил ҳисобу китоб мекунанд, ки фоидаи гирифтааш аз харҷи кардааш камтар аст: “Аз пардохти андоз сар карда, то нархи сӯзишворию, тухмию ҷамъоварӣ кардану то хона бурдан маблағ сарф мешавад, лекин ҳосилаш барои таъмини рӯзгори худамон намерасад”, -- мегӯяд Абдулло Шарофов.

Ин ҳамсӯҳбатон гуфт, шоҳиди он гашт, ки чанде аз деҳқонони шиносаш баарои кор ба Русия рафта, ҳоло вазъи зиндагии оилаҳояшон хеле беҳтар шудааст: “Пул равон карданд, хонаводаашон мошин хариданд, чанд сар чорво хариданд, лекин агар ҳамин ҷо меистоданд, ҳоло ба ба зур зиндагияшонро пеш мебурданд”.

Абдулло ягона нафаре нест, ки ният дорад аз деҳқонӣ даст кашида, рӯ ба кори дигар орад. Чанде аз кишоварзони дигар ҳам дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ аз набуди имтиёзҳо, гарон будани нуриҳои менералӣ, афзоиши андозҳо, набуди шароит барои бидуни миёнаравҳо ба савдо гузоштани маҳсулоташон дар бозор изҳори нигаронӣ карданд.

Шикояти деҳқонон аз мушкилиҳои мавҷуда ва ба даст наовардани фоидаи дилхоҳ аз натиҷаи корашон дар ҳолест, ки Изатулло Сатторӣ, вазири кишоварзии Тоҷикистон рӯзи 15 июл зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе кишоварзиро барои таъмини рӯзгори мардум яке аз соҳаҳои муҳим арзёбӣ намуд. Ӯ таъкид намуд, ки натиҷаҳои соли 2019 нишон дод, деқонони тоҷик ба муваффақиятҳои калон ноил гаштаанд: “Худи нархи маҳсулот дар бозорҳо инро нишон медиҳад, масалан соли гузашта пиёз дар бозорҳо 30-40 дирам буд, ки ин аз арзиши аслӣ қариб 70-80 фисад паст буд, имсол вобаста ба арзиши аслии маҳсулоти истеҳсолгардида деқонон маҳсулоти худро ба фурӯш баровада истодаанд ва нархи маҳсулот ҳам вобаста ба намудаш он қадар гарон нест, сол то сол ҳавасмандӣ зиёд шудааст, деҳқонон ё хоҷагиҳои деҳқонӣ то ҳол ба мо дар мавриди қатъи корашон муроҷиат накардаанд”.

Кишоварзони тоҷик бештар хостори онанд, шароите фароҳам гардад, ки бидуни миёнаравҳо, бевосита маҳсулоти худро ба бозор гузоранд ва бо ин амал ҳам онҳо фоидаи бештар мегиранду ҳам сокинон ба нархҳои арзонтар дастрасӣ пайдо мекунанд. Ба қавли чанде аз деҳқонони пуртаҷриба, маҳсулот чӣ қадаре, ки то бозор тариқи миёнаравҳо даст ба даст расад, нархаш ҳамон қадар гаронтар хоҳад шуд.

Раҳматулло, як деқони тоҷик, ки ин шабурӯз аз сари заминаш бо нархи 5-6 сомонӣ ба соҳибкорон тарбуз мефурӯшад мегӯяд, омодааст, тарбузҳояшро бевосита худаш ба бозор оварад, аммо мушкилиҳои зиёде пеши роҳашро мегиранд: “Барои як одам интиқол то бозор мушкил аст, мошиндорҳо сӯзишворӣ қимат шудааст гуфта, барои бурдан нархи баланд мегӯянд, масалан, дар бозор маконе барои савдо надорем, як бор талош кардем, дидам, ки хеле саргардонӣ дорад, баъдан гуфтам, беҳтараш аз ҳамин сари замин фурӯхтан гирам”.

Бо таваҷҷуҳ ба мушкили деҳқонон, ки наметонанд маҳсулоти худро бо нархи нисбатан дастрас то бозор расонанд, Изатулло Сатторӣ, вазири кишоварзӣ дар нишасти матбуотии худ дар мисоли нархи тарбуз, ки ҳоло нигарониҳо аз гаронии он садо медиҳад, иқрор кард, ки воқеан ҳам аз се даст гузаштани маҳсулот боиси гаронӣ шудааст: “Дар маконе, ки истеҳсол мешавад, нарх ниҳоят арзон аст, вақте ки аз ду-се даст мегузарад, қимат мешавад, масалан, як нафар бевосита аз ҳамон хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷамъ мекунад, дуюм нафар ба шаҳри Душанбе меоварад ва боз сеюм нафар онро дастраси истеъмолкунандагон мекунад, барои ҳамин дар ин ҷо нарх баланд мешавад”.

Бо вуҷуди он ки вазири кишоварзӣ натиҷаи кори ин соҳаро бо муваффақият арзёбӣ мекунад, огоҳон мегӯянд, вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон сол то сол на ба беҳтар, балки бадтар шуда истодааст.

Ба қавли бархе аз таҳлилгарон, тарки деқонӣ кардану рӯ ба дигар корҳо овардани кишоварзон аз далелҳое мебошанд, ки воқеияти ин соҳаро нишон медиҳад.

Исфандиёр Содиқов, шореҳи масоили кишоварзӣ омилҳои даст кашидани деҳқонон аз кори кишоварзиро ба система ва ё механизми нобасомони мудирияти кишоварзӣ рабт медиҳад. Ӯ мегӯяд, қаблан колхозу совхоз буд ва кишоварзонро бо техникаву тухмиву соляркаву маош таъмин мекард ва замоне ин система барҳам хӯрд, деҳқон танҳо монд ва ҳамаи мушкилот, аз ҷумла таъминоти техника, маводи сухт, тухмӣ, кор дар саҳро, пайдо кардани муштарӣ ва масъалаи фурӯш ба ӯҳдаи худи ӯ афтод: “Табиист, ки дар чунин ҳолат деҳқон имкони таъминотро надошт ва заминро партофту рафт муҳоҷират ё ҷое, ки заҳмати камтар ва пули хубтар дорад. Чун деҳқонон корро партофта рафтанд, аз ин сабаб заминҳои киштнашуда ҳоло хеле зиёд шудааст. Зерсохтҳои зиёде, аз ҷумла насосҳои обкашӣ, каналҳо ва лулаҳои обкашии фаровоне, ки барои обёрии заминҳо дар шуравӣ сохта шуда буд, дар натиҷаи бесоҳибӣ дуздида шуд ё хароб шуду аз байн рафт, ки ҳоло садҳо ҳазор доллар барои тармими онҳо лозим аст. Омили дигар молиёт аз заминҳост, ки мунсифона нест. Зеро замин дар ҳоли ҳозир дар нисбат ба саноат ва тиҷорат даромадзо нест, ҳатто бо шароити бели бобоӣ ва сӯхти русӣ хароҷоташро намепушонад, аммо дар супурдани молиёташ имтиёзи хосе нест”.

Ҳамсӯҳбатамон афзуд, барои ислоҳи вазъ, давлат бояд молиёти кишоварзиро бознигарӣ кунад, қарзҳои фоизаш паст ва муддати пардохташ тулонитарро ба деҳқонон пешниҳод намояд ва дастгирӣ кунад, то деҳқон озод моли худро ба бозор барорад: “Ҳамчунин миёнравҳои судҷӯро, ки деҳқонро дар миёни чор девор бастаанд, аз байн бардорад ва масирро барои вуруд ва фурӯши озоди деҳқон ба бозор фароҳам кунад. Яъне, бо он вуҷуд, ки давлат чандон буҷаи зиёде дар бахши таъминот бо техникаву дигар хароҷоти кишоварзонро надорад, аммо ҳадди ақал як системае наве эҷод кунад, ки маҳсулоти деҳқон пас аз бардошт дар анбор напӯсад ва бо нархи хубе ба фурӯш равад, то дар оянда бо пули он деҳқон дар баробари он ки зиндагияшро пеш мебарад, техникаву таҷҳизоти муосир харида тавонаду аз маҳсулоташ бештар баҳра гирад”.

Коршиносон мегӯянд, кишоварзӣ аз соҳаҳое мебошад, ки дар гузашта дар таъмини рӯзгори мардум ва ҳамчунин барои ба шуғли фоиданок фаро гирифтани сокинон нақши муассир дошт ва зарур аст чунин шароит дубора баргардонида шавад. Ҳарчанд омори Вазорати кишоварзӣ дар бораи афзоиши истеҳсоли маҳсуот ва васеъ намудани заминҳои кишт, зоҳиран, аз рушди ин соҳа гувоҳӣ медиҳад, ба қавли таҳлилгарон, дар амал камбуду норасоиҳои зиёде ҳаст, ки боиси гир мондани соҳаи кишоварзӣ шудааст. Ҳоло дар Тоҷикистон 657 ҳазору 279 ҳектор замини кишт мавҷуд аст, ки 454 ҳазор ҳектараш обӣ ва боқимонда лалмӣ мебошад. Ҳар сол то 3-4 ҳазор ҳектор замини нав корам мешавад.

XS
SM
MD
LG