Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кушта ва захмиёни Украина. Шаҳрвандони Тоҷикистон осеб надидаанд, вале нигаронанд. ВИДЕО, АКС


Русия рӯзи 24-уми февралҳамла ба Украинаро, ки бисёриҳо аз он метарсиданд, оғоз кард. Мушакҳои русӣ ба фурудгоҳҳои низомии Украина ва зербунёдҳои дигари низомӣ зарба заданд. Дар шаҳри Киев бонги хатар садо дод. Вазорати корҳои дохилии Украина гуфт, то ҳоло 7 сарбоз кушта ва 15 нафари дигар маҷруҳ шудаанд.

Раисиҷумҳури Украина, Владимир Зеленский, 24-уми феврал эълом кард, ки равобити дипломатиро бо Маскав буридааст ва аз шаҳрвандони кишвараш хост, ба дифоъ аз хоки худ мадад кунанд. Киев, пойтахти Украина, дар рӯзи 24-уми феврал нимахолӣ ба назар мерасид, чун аз мардум хоста шудааст, дар хона бимонанд.

Навор аз Киев, 24-уми феврал:

Киев пас аз ҳамлаи Русия ба Украина
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:50 0:00

Владимир Путин раиси ҷумҳури Русия рӯзи 24-уми феврал амр дод, ки барои ғайринизомӣ кардани ҳамсоякишвар ва рақиби Русия амалиёти низомиро дар Украина оғоз кунанд. Раиси Кумисюни Аврупо гуфт, ба "ҳамлаи ваҳшиёна"-и Русия ба Украина посух хоҳанд дод. Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо низ гуфт, бастаи сахттарини таҳримҳоро алайҳи Русия ҷорӣ мекунанд.

Шаҳрвандони Тоҷикистонро дар Украина рӯйхат мекунанд

Дар ин миён Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ дар бораи рӯйдодҳои Украина ва ҳамлаи Русия ба он кишвар мавқеи худро ошкор накардаанд. Аммо намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Киев гуфтанд, ки омодаи кумак ба шаҳрвандони кишвар дар Украина ҳастанд. Аз ҷумла, номи онҳоеро ба рӯйхат мегиранд, ки нияти аз Украна берун рафтанро доранд.

Теъдоди умумии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Украина 8 ҳазор нафар тахмин зада мешавад. Тибқи иттилои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир 101 шаҳрванди кишвар дар донишгоҳҳои Украина мехонанд.

Давлаталӣ Назризода, сафири Тоҷикистон дар Киев, рӯзи 24-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, дар Украина вазъияти ҳарбӣ эълон шудааст, вале “пойтахт ором ба назар мерасад”. “Дар ҳодисаҳои охир, аз ҷумла таркиш дар Бориспол, ягон шаҳрванди Тоҷикистон зарар надидааст,” -- афзуд сафир.

Баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Украина кору зиндагӣ мекунанд, гуфтанд, то ин лаҳза ба ягон хатари ҷиддӣ рӯбарӯ нашуданд, аммо нигаронӣ доранд. Мақомоти Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар дар Украина хостаанд, қоидаҳои "ҳолати ҷангиро қатъиян риоя кунанд".

Аксҳоро дар инҷо тамошо кунед:

Ҳайдаршо Зайдов, шаҳрванди Тоҷикистон дар Киев мегӯяд, соати 5-и субҳ садои таркишро шуниданд. Ҳамсуҳбати мо афзуд, вазъият дар Киев дар умум тарсбарангез нест, чун мардум аз пеш омодагӣ гирифта буданд.

"Танҳо ба баъзе нуқтаҳои ҳарбӣ, аз ҷумла аэродромҳо ҳамла шудааст. Дар ягон ҷойи дигар таркиш нест. Мардум ба ин ҳолат тайёр шуда буданд, 2-3 рӯз пеш сарбозони эҳтиётиро ба комиссариатҳо даъват карданд. Пешакӣ ба аҳолӣ фаҳмонданд, ки дар ҳолати ҳамла бояд чӣ кор кунанд. Дар кӯчаҳои шаҳр низомиён зиёд дида намешаванд. Танҳо дар даромадгоҳи Киев постҳо монда, мошинҳоро тафтиш мекунанд," -- афзуд Ҳайдаршо Зайдов.

Оқибатҳои ҳамлаи Русия ба Украина
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:19 0:00

Саида, шаҳрванди дигари Тоҷикистон, ки дар шаҳри Запарожйе ҳамроҳ бо хонаводааш зиндагӣ мекунад, гуфт, субҳ дар тамоми шаҳр бонги хатар садо дод.

"Барои мо гуфтанд, ки аз хона берун нашавед. Кӯдаконамон дар мактаб буданд, зуд рафта гирифтем. Дарсҳо қатъ шудааст. Хешонамон дар Харков зиндагӣ мекунанд, вазъи онҳо бадтар аст. Шаҳри мо ором ба назар мерасад, лекин ягон бозору корхона кор намекунад. Мошинҳои низомӣ рафтуомад доранд," – нақл кард ӯ.

Ҷумъахон, муҳоҷири тоҷик, ки дар канори Киев дар як корхонаи коркарди чӯб кор мекунад, гуфт, ҳоло вазъ ором ба назар мерасад, вале коргоҳашон ба муҳлати номуайян баста шудааст. Ӯ гуфт, "дар ҳамаҷо бекорӣ аст, мехоҳем ба ватан баргардам."

"Моро пешакӣ огоҳ накарданд, ки баромада равем. Ҳамкорони мо аз кишварҳои дигар, ба монанди Корея, Индонезия, як ҳафта пеш огоҳӣ гирифтанд ва баромада рафтанд. Мо фикр кардем, ки ҷанг намешавад," -- гуфт муҳоҷири тоҷик дар Украина.

Вокунишҳо ба ҳамлаи Русия ба Украина

Президенти Чехия Милош Земан:

"Вақти таҳримҳои қавитар аз тарҳҳои пешина расидааст, яъне ба болои ҳамаи онҳо таҳрим дар соҳаи ба истилоҳ SWIFT-ро дар назар дорам... Зарур аст, ки ин марди девона бояд радди маърака шавад ва худро аз ӯ на танҳо бо сухан, балки бо чораҳои мушаххас дифоъ кард.”

Президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон:

"Мо амалиёти ҳарбии Русияро рад мекунем. Ин зарбаи сахте ба сулҳу суботи минтақа аст."

Президенти Полша (Лаҳистон) Анджей Дуда:

"Ман ба қатъи амалиёти ҳарбӣ ва ба ҳоли худ гузоштани Украина даъват мекунам. Ман ҳама корро мекунам, то ончӣ дар Украина рух медиҳад, ҳарчӣ зудтар боздошта шавад."

Вазири корҳои хориҷии Эрон, Ҳусайн Амирабдуллоҳиён:

“Буҳрони Украина реша дар таҳаррукоти НАТО дорад. Мо бовар надорем, ки даст задан ба ҷанг роҳи ҳал аст. Бояд оташбас кард [ва] ҳалли сиёсию демократииро пайдо намуд."

Президенти Фаронса Эммануэл Макрон:

"Фаронса тасмими Русияро барои оғози ҷанг бо Украина шадидан маҳкум мекунад. Русия бояд фавран ба амалиёти низомии худ хотима бахшад."

Вазири корҳои хориҷии Олмон, Аннаалена Бербок:

"Мо бастаи пурраи шадидтарин таҳримҳоро зидди Русия ҷорӣ хоҳем кард ва амнияти худ ва ҳампаймонҳоямонро пурзӯр хоҳем кард."

Вазири корҳои хориҷии Исроил, Яйир Лапид:

"Ҳамлаи Русия ба Украина як нақзи ҷиддии тартиботи байналмилалӣ аст. Исроил ин ҳамларо маҳкум мекунад."

XS
SM
MD
LG