Наздикони Хуршед Бобокалонов, як қурбонии шиканҷа дар Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилӣ ва Додситонии кишварро барои таҳқиқи бенатиҷаи марги ӯ ва иҷро накардани талаби Созмони Милал ба додгоҳ кашидаанд.
Қаблан ин созмон аз мақомоти тоҷик хоста буд, парвандаи Бобокалоновро одилона таҳқиқ кунанд ва ба хонаводааш ҷуброн пардозанд. Мақомоти Тоҷикистон талаби СММ-ро иҷро накарданд.
Хуршед Бобокалонов, табиби 33-солаи тоҷик, соли 2009 ҳангоми боздошти кормандони милиса фавтид. Пайвандонаш бовар доранд, ки ӯ зери шиканҷа фавтидааст, вале мақомот инро рад мекунанд.
Бино ба хабари "Азия-Плюс", Саодат Қулиева, модари Хуршед Бобокалонов, 22-юми феврал ба Додгоҳи Исмоили Сомонӣ шикоят бурда, аз Вазорати корҳои дохилӣ ва Додситонӣ барои ранҷҳои чандинсолааш ҷуброни молӣ хостааст.
Модари тоҷик мегӯяд, талошҳояш дар 12 соли охир барои таҳқиқу муҷозоти гунаҳкорони марги писараш натиҷа надод. Дар аризаи модари Бобокалонов гуфта шудаст, ки дар ин ҳама солҳо ба ин далел ӯ ранҷи зиёде кашид.
Парвандаи марги Хуршед Бобокалонов дар 12 соли ахир яке аз парвандаҳои пурсарусадои шиканҷа дар Тоҷикистон буд, ки борҳо дар долону толорҳои Созмони Милал дар бораи он суҳбат кардаанд.