Бар асари таркиш ва сӯхтор дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории "Ориё нефт" дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон 13 кас захмӣ шудаанд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, ҳодиса пас аз зуҳри 21-уми феврал "дар натиҷаи таркиши зарфи нигоҳдории гази моеъ" сар задааст. "7 мошини сабукрав зарар дида, 2 чорвои калон талаф ёфтанд," – гуфта шудааст дар эъломияи ВКД.
Пештар манобеи Радиои Озодӣ дар бораи бистарӣ шудани дастикам шаш кас дар шифохонаи ноҳияи Қубодиён гузориш доданд. Онҳо вазъи яке аз захмиёнро вазнин арзёбӣ карданд. Вазорати корҳои дохилӣ дар бораи вазъи маҷруҳон ишорае нанамудааст.
Рустам Қарахонов, масъули Идораи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Қубодиён, ба Радиои Озодӣ гуфт, "ҳоло сабаби сӯхтор маълум нест." Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳам гуфтанд, ки "сабаб, гунаҳкор ва зарар муайян карда мешавад."
Дар гузашта дар вилояти Хатлон чанд ҳолати сӯхтор дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ сабт шуда буд, ки дар натиҷа ба хонаҳои мардум зарар ворид карда, чанд нафар ҳам осеб дида буданд.
Бар асари як чунин таркиш дар соли 2017 дар ҷамоати “Бӯстонқалъа”-и ноҳияи Кушониён Маликхон Малахови 35-сола фавтида, 21 нафар бо шумули кӯдакону наврасон ҷароҳат бардоштанд.
Он замон идораи оташнишонӣ ва дигар мақомоти интизомии Хатлон гуфта буданд, ки бояд тамоми нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар ҷойҳои дуртар аз маҳалҳои аҳолинишин бунёд шавад. Огоҳони умур мегӯяд, ки пешниҳоди кӯч додани нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ бо сар задани ҳар як ҳолати сӯхтор ё таркише ба миён меояд, вале баъдан ба боди фаромӯшӣ супурда мешавад.